Устодони гиромӣ!
Хонандагони азиз!
Бо арзу эҳтироми самимият, ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии «Рӯзи дониш» «Дарси сулҳ», 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти касбиатон ба Шумо муваффақияту комёбиҳои нав ба навро таманно менамоям.Тайи солҳои охир, бо иқдоми неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок ва муҳими ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии кишвар дигаргунсозӣ ва таҳкими ислоҳоти соҳаи маориф бомаром идома ёфта истодааст. Дар ноҳияи Кӯшониён афзалияти соҳаи маориф дар мадди аввал буда, иқрои талаботи моддаҳои 6 ва 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандро ба таҳсил ва интихоби забони таҳсил муқаррар менамояд, иқро гардида, ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ ва томактабӣ сарфи назар аз миллат, ҷинс ва забон ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Устодони азиз!
Имрӯз бояд ҳар як фарди солимфикри ноҳия барои рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим кӯшиш бахарҷ диҳад, зеро мо бояд барои ояндаи худ ва рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон фарзандони басаводу солимақлро ба воя расонем. Айни замон, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён 60 муассисаи таълимӣ - аз ин 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 Мактаби Президентӣ, 1 Гимназияи давлатӣ, ва 9 муассисаҳои томактабӣ аз ин 1 муассисаи томактабии хусусӣ ҳамчунин дар назди шуъбаи маориф бошад 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва комуникатсионӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли таҳсили 2020-2021 ҳамагӣ 55650 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буданд, ки аз ин 26647 нафарашон духтарон мебошанд. Шумораи умумии омӯзгорон 2970 нафар аз он ҷумла, занҳо-1529 нафар аз ин бо маълумоти олӣ 2102 нафар, олии нопурра 209 нафар, миёнаи махсус 637 нафар ва миёнаи умумӣ 22 нафар мебошанд. Инчунин, 177 нафар омӯзгорон бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони «Корманди шоиста», 1 нафар дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар дорандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон мебошанд. Дар ноҳия 9 адад муассисаҳои томактабӣ аз он ҷумла 1 адад муассисаи томактабии хусусии ба номи “Садаф” амал намуда, 1128 нафар тарбиятгиранда ҷалб шудаанд, ки ба онҳо 64 нафар мураббияҳои касбӣ дар 64 гурӯҳҳо машғули кору фаъолият мебошанд.Дар баробари ин, дар пойгоҳи муассисаҳои таҳсилоти умумии №2, 3, 4, 5, 8, 9, 10, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 20, 23, 26, 27, 28, 32, 39, 41 ва 43 маркази инкишофи кӯдак фаъолият намуда, дар онҳо 545-нафар кӯдакон ба машғулиятҳо фаро гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки бештари ин кӯдакони маъюб гирифтори бемориҳои модарзодӣ, шунавоиашон суст, гунг, фалаҷи сутунмуҳра, нобино, ё биноиашон суст ва ҷисман носолим мебошанд.
Моҳи июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав даври вилоятии интихоб намудани хонандагони лаёқатманд тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар барои соли таҳсили 2020-2021 баргузор гардида, тибқи натиҷаи он 22 нафар хонандагон барандагони озмуни Квотаи Президентӣ дар соли 2021 гардиданд, ки инҳо аз муассисаҳои таълимии №1, 3, 5, 8, 10,11, 14, 17, 27, 31, 35, 36, 41, 55, 57, 65, 70, гимназияи давлатӣ барои хонандагони болаёқат ва Мактаби Президентӣ мебошанд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли таҳсили сипаришуда дар олимпиадаи вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 20 медали тилло, 10 медали нуқра ва 39 медали биринҷӣ – ҷамъ 69 медал гардиданд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бошад 24 медал ба даст оварданд, ки аз ин 5 медали тилло, 6 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ буда, нисбат ба соли 2020-ум - 20 адад зиёд мебошад. Ин моро қаноатманд карда наметавонад, чунки имкониятҳои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия аз ин бештар аст. Дар соли таҳсили 2020-2021 4029 нафар хонандагон синфи 9-ро хатм намуда, 4019 нафар бо аттестати таҳсилоти умумии асосӣ ва 10 нафар бо аттестати таҳсилоти умумии асосӣ (аъло) ва 3140 нафар хонандагон синфи 11-ро хатм намуда, 3140 нафар бо аттестати миёнаи таҳсилоти умумӣ хатм намуда, аз тарафи шуъбаи маориф бо ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот таъмин карда шуданд.
Бояд қайд намуд, айни замон муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дорои 66 синфи компютерӣ бо 1515 адад компютер, 19 адад тахтаи электронӣ ва 20 адад видеопроектор таъмин карда шудаанд. Барои татбиқ намудани барномаи мазкур то охири соли 2019 харидории 247 адад компютер бо мизу курсиҳои махсус ва 10 адад тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шудааст. Феълан дар ноҳия 25 адад муассисаҳои таълимии ноҳия тариқи модем, 9 адад муассисаҳои таълимии дигар ва шуъбаи маориф тариқи антена ба шабакаҳои интернет пайваст гардида, ин иқдом давом дорад. Тибқи қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 27.01.2017, №82 дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 20.12.2016, №261 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №504 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар маркази ноҳия бинои маъмурии шуъбаи маориф ва дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯшониён 27 адад муассисаҳои таълимӣ бо 5840 ҷойи нишаст азнавсозӣ ва таъмир карда мешаванд. Дар ин самт тибқи Барномаи мазкур бинои нави таълимии дуошёна дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 воқеъ дар деҳаи Эргаши Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа барои 150 ҷойи нишаст дар як баст аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 3 миллиону 795 ҳазор сомонӣ сохта шуда, рӯзи 27 июни соли равон бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоқикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри хонандагон ба истифода дода шуда, сохтмони бинои нави дуошёнаи таълимӣ иборат аз 16 синфхона дар назди муассисаи таълимии №8 аз ҳисоби маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сохтмони бинои нави дуошёнаи таълимӣ иборат аз 10 синфхона дар назди муассисаи таълимии №11 аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва сохтмони муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Фрунзеи ҷамоати деҳоти Заргар барои 320 ҷойи нишаст аз тарафи Бонки Саудии Рушд ба анҷом расонидашуда, ба истифода дода шудааст. Лозим ба тазаккур аст, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 адад иншоотҳои ҷашнии соҳаи маорифи ноҳияи Кӯшониён ба нақша гирифта шудааст, ки 1 адади он (МТМУ №38) ба истифода дода шуд. Дар охир ба Шумо ва дар симои Шумо тамоми кормандони соҳаи маорифро ба муносибати оғози соли таҳсили 2021-2022 ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, комёбиҳои беназирро дар фаъолияти кори донишомӯзӣ ва корҳои эҷодиатон орзумандам.