Ҳукумати толибон метавонад ба мардумонаш сулҳро кафолат диҳад?

    Суолест, тули чанд моҳи охир мавриди пешгуи ва баҳси коршиносони масоили сиесӣ, сӯҳбати сари мизии фаъолони ҷаҳон ва муҳокимаи кулли шаҳрвандон гардидааст. Хатари доман паҳн кардани фаъолият ва амалиётҳои ғайриинсонии чунбиши толибон сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст. Чунбиши толибон бо роҳи зулм, истибдод, қатл ва ангехтани тарсу ваҳм кишварро соҳиби карданд. Бори дигар маълум гардид, ки намояндагони ин созмон ба бераҳмтарин амал қодир ҳастанд ва метавонанд ҳарлаҳза кори хиёнату зулмро тавсеа бахшанд ва тавассути камону силоҳ домани ҷугрофиашонро васеь намоянд. Ҷомеаи ҷаҳони метавонад дар ҳамкории дастаҷамьонаи созмонҳои гуногунфаъолияташ садди роҳи қатлу куштор бишавад ва арзиши оли будани ҳаёти инсонро собит намоянд. Дучори ғаму кулфатҳои талх гардидани сокинони ҳамсоякишвар моро низ бетараф гузошта наметавонад. Миллати сулҳдӯсти тоҷикон ҳамеша ба хотири ҳимояи марзу буми хеш, омода ҳастанд бо душманони давлат муборизаи беамон баранд ва сарзаминии ниёгони хешро бо қимати ҷон ҳифз намоянд. Фарзандони шарафманди Тоҷикистон пайи пойдории сулҳи бебозгашт ва устувории Истиқлолияти давлати шабонарӯзи хизмати шоиста карда, суботи томи сиёсӣ ва амнияти комилро таъмин менамоянд.

Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.