Тантанаи Истиқлол

    Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи бисту ҳашт соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд». Барои халқи заҳматкаш ва бунёдкору фарҳангофари тоҷик истилоҳи «Истиқлолият» маънии пурарзишро дорад, чунки ҳанӯз бисту ҳашт сол муқаддам, воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик рух дод, ки ин расидан ба волотарин ва дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик мустақилият ба ҳисоб меравад.

      Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Бояд фаромуш насохт, ки миллати тоҷик аз қадимуллайём фарҳангдору фарҳангофарин, ибтикору бунёдкор ва заҳматкашу ободкор буд. Истиқлолият барои мо бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, рамзи олии ватану ватандорӣ, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз арофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

      Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои 90-ум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд. Умуман, лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо самараи неки истиқлол имрӯзҳо Тоҷикистонро дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Бигузор Истиқлолият, сулҳу Ваҳдат ва тинҷиву оромӣ дар хонадонҳои ҳар яки мо алалхусус дар кишвари ба ҷон баробарамон ҳамешагӣ, пойдор ва абадӣ бошад.

Мушовири фанни забон ва адабиёти тоҷики шуъбаи маорифи н. Кӯшониён

Олимова Шаҳло

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.