Баланд гардидани мақому манзалати занони тоҷик, дар даврони Истиқлолият

   АНДЕША:Аз ободиву хуррамӣ, созандагию бунёдкориҳо занону модарон дилпурона ҳарф мезанем, ки пойдевори асосии ин ҳама пешравиҳо Истиқлолияти давлатист. Шукр, дастовардҳо фаровонанд, алҳол тамоми занону духтарони тоҷик шукр аз он мекунанд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуву амалашон расидаанд ва хушбахт аз онанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ва умр ба сар бурда, соҳиби Ватан бо тамоми урфу анъанаҳои миллии аҷдоди ҳастанд. Кобили зикр аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занон низ таъсири амиқ гузошта, ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Маҳз дар шароити Соҳибистиқлолӣ занони тоҷик тавонистанд собит созанд, ки дар баробари зан, модар, ҳамсар будан боз метавонанд роҳбариро низ сарбаландона иҷро намоянд. Бояд қайд намуд, ки занону бонувони соҳибҳунар, ташаббускор, забондону меҳнатдӯсти ноҳияи Кӯшониён дар даврони Истиқлолияти ватан тавонистанд, ки бо соҳибмаърифати, фидокориву ақлу заковаташон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми беназир гузоранд. Махсусан саҳми онҳо дар тарбияи насли солиму донишманд хеле бузург буда, аз нисф зиёди мутахассисони соҳаи маорифу тандурустиро занону духтарони соҳибмаълумоту бо фарҳанг ташкил медиҳанд. Боиси қайд аст, ки Тоҷикиситон дар байни собиқ кишварҳои иттиҳоди шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ Конвенсия “Дар бораи барҳам додани ҳамаи лоиҳаи зӯровариро нисбати занон” ба тавсиб расонд. Пешвои миллат ҳамеша занҳоро неруи созандаи ҷомеа дониста, дар тамоми баромадҳояшон эътимоду бовариро нисбат ба онҳо баён мекунад.

        Воқеан дуруст аст, давлате, ки занонаш бо маърифату таҳсил дидаанд, дар ҷомеа ҳама вақт пешрафту муваффақ мебошанд. Мо занону модарони ноҳияи Кӯшониён аз он хушбахт ҳастем, ки маҳз бо шарофати дастгириҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир дар рушди ноҳия, сарҷамъии мардум, хушбахтии ҷавонон ва хандаи фарзандонамон расидаем. Дар ҳақиқат, занон на танҳо офаридгори ҳаёти идомабахши наслҳои оянда, балки офарандаи неъматҳои моддӣ, тарбиятгарӣ насли наврас, табиби тамоми дардҳои инсонӣ буда, кӯшиш менамояд, ки ҳаётро шукуҳу аззамати хосса бубахшад. Бигузор, Истиқлолияти мо боз 30-солаҳою садсолаҳои дигар ҷовидона ва поянда боқи монаду, занону духтарони мо дар роҳи созандагию бунёдкорӣ устуворона қадам гузоранд.

Изатуллозода.Б, мудири шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.