Воқеаҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Афғонистон нигаронкунанда аст!

    АНДЕША: Чи тавре аз расонаҳои иттилоотӣ огоҳ ҳастем, ки моҳҳои охир вазъияти сиёсӣ дар кишвари Афғонистон бо сабаби тарк гардидани неруҳои ҳарбии НАТО, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва ба сари давлат омадани ҳаракати Толибон ниҳоят муташанниҷ ва муракаб гардидааст. Ин вазъияти ба амал омада, тамоми кишварҳои ҷаҳон ва махсусан кишварҳои ҳамсарҳади Афғонистонро нигарон намудааст. Дар як моҳи охир вазъият бо сабаби ғасби садҳо ноҳияву шаҳрҳо аз тарафи ҳаракати Толибон бадтар гардида кӯдакон, занон ва мардуми афғон дар душвориҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд ва аз ҳамлаҳои номатлуб ҳазорон нафар ба ҳалокат расиданд. Айни замон вазъият дар Афғонистон хеле ташвишовар буда, мардуми таҳлуказада тариқи фурудғоҳ ва дигар роҳҳо аз кишвари худ фирор намуда истодаанд. Ояндаи кишвар, махсусан занону бонувон ва кӯдакон хеле нигарон кунанда ва номаълум мебошад, зеро Толибон давлати исломӣ таъсис додан мехоҳанд ва ба ҳам омадани гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ аз эҳтимол дур нест. Фирори Президенти кишвар Ашраф Ғанӣ мардуми кишварро сахт ба ташвиш овард, зеро дар чунин лаҳзаҳои даҳшатнок ва сарнавиштсоз мардумашро танҳо гузошт. Чунин ҳодисаҳои нохуш мо шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки марзу буми меҳани азизи худро бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиноси аз ҳар гуна хатарҳои ҷомеъаи имрӯза ҳимоя намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон ҳамеша таъкид менамоянд, ки мо ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ватани худро сидқан дӯст дорем ва онро мисли гавҳараки чашм муҳофизат намоем. Аз инрӯ, мо баҳри ҳифзи Ватан, баҳри ободиву осоиштагии ин миллат ва ин ватан омода ҳастем.

Мумина Иброҳимзода, мудири бахши САҲШ ВАҶТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.