Сӣ сол, ки Ваҳдат буд, Ваҳдат гули давлат буд,
Сӣ сол Ватан гул кард, аз накҳати Истиқлол.
АНДЕША: Хирадмандон фармудаанд, то гузаштаро ба ёд наорем ба қадри тинҷию осоиштагӣ, сулҳу амонии замони ҳозира расида наметавонем. Дар тасаввури мо меояд, ки гӯё ин оромиву осоиштагӣ ҳамин тавр осонакак ба даст омадааст. Душманони миллати мо ба сулҳу ваҳдати халқи тоҷик эътимод ва боварӣ надоштанд. Ҳатто мухолифони ҳукумат ибрози андеша менамуданд, ки побарҷони давлатдори тоҷикон, то ба дарозо намекашад. Аммо дар он давраи сарнавиштсоз миллати тамаддунофари мо дар атрофи роҳбари ҷавони худ зич муттаҳид гардида, ба кори ободонӣ ва бунёдкори камари ҳиммат барбаст.
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати бофарҳанги тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдори тоҷикон,марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдори мебошад. Баъд аз садсолаҳо бори дигар миллати соҳибфарҳанги мо имконияти эҳёи суннатҳои аҷдодии давлатдориро ба даст оварда, Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлатӣ мустақилу соҳибихтиёр ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Истиқлолият роҳи ягонаи таъминкунандаи пешрафти тамоми самтҳои фаъолияти ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихи халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ -Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Асъори миллӣ ва Конститутсия гардид. Ҳамчунин, Истиқлолияти давлатӣ ҳуввияту худшиносии миллии мардуми тоҷикро дучанд намуда, барои тақвимяту густариш пайдо кардани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, рушду инкишоф, пешрафту гулгулшукуфӣ ва шинохти. Тоҷикистон дар арсаи байналхалқи заминаи пойдор фароҳам овард.
Миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистони бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии азими худ тавонист оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонад, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ устувор гардонад. Дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ дастовардҳои назарраси кишварамон шаҳодати равшани он аст, ки халқи тоҷик бо ҳиммати баланди созандагию фарҳангпарварӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар карда, ҳамеша ба сӯйи пешрафт ба хотири ободию тараққиёт кӯшиш менамоянд.
Аз рӯйи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 сиёсати давлатӣ дар таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар ба афзалияту самтҳои асосӣ расидан ҷадал мекунад. Хушбахтона, се ҳадафи асосие, ки дар назди давлат меистаду баҳри иҷрои онҳо саъю кӯшиш сарф мешуд,амалӣ гардидаанд. Ба ҳадафи якуми худ ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ расидем. Дар натиҷаи сохтмони неругоҳҳои хурду бузург, ба кор даромадани агрегати нахустин НБО-и “Роғун” ин масъала ҳалли худро пайдо кард. Кишвар тавассути сохтмони роҳҳои байналмилалӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. Бунёди боғҳои навбунёд имконият доданд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ҳам амалӣ гардид. Акнун ҳадафи чоруми стратегии мо саноатикунонии кишвар мебошад, ки мардуми сарбаланди мо дар ин самт заҳмат мекашанд. Дигар омили муҳими пойдории истиқлолияти ҳар як давлат рушди илму маориф,ба хусус,илмҳои дақиқ,татбиқи дастовардҳои техналогиву инноватсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ аст.
Мо, маорифчиёни ноҳия, боз аз он хушнудем, ки Сарвари муаззами мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба сохтмони биноҳои замонавии таълимгоҳҳо, бо компютеркунонии муассисаву омӯзиши фанҳои дақиқ ва баланд бардоштани сифати таъмини забонҳои русиву англисӣ эътибори доимӣ медиҳад. Чуноне ки болотар зикр гардид, самараи 30 - соли Истиқлолият ва заҳмати бе собиқаи мардуми меҳнатқарин буд, ки чунин комёбиҳо насибамон шуд. Бешубҳа, Сарвари оқилу хирадманди мо баҳри Ватани хеш ва рушди он ҷонбозиҳо намуд. Ана ҳамин андеша шоиреро ба ваҷд овардааст, то ин ҳамаро аз самими қалб чунин маънии бикр пӯшонад.
Оқиле омаду бо тоҷикӣ бунёдат кард,
Одиле омаду бо тоҷикӣ ободат кард.
Тоҷикона ба ту бахшида чи тармими наве,
Фозиле омаду бо тоҷики дилшодат кард.
Ман ба пиру барнои кишвар муроҷиат карда гуфтаниам: Ҳар яки мо бояд ба қадри Истиқлолият бирасем, комёбиҳои онро нодида нагирем ва дар ин ҷода, махсусан, мо ба ҷавонони имрӯза, ки хунашон дар ҷӯш асту ба ҳар амалу кор қодиранд,бигӯем, ки ба ҳеҷ як дасисабозӣ дода нашуда, ақли солиму созандаи хешро кор фармоянд. Барои шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз заҳмат кашанд. Кишвари офтобрӯяамонро аз ҳозира ҳам зиёдтар ободу зебо гардонанд, илм омӯзанд аз фарҳанги бою пурғановати бузургамон фаровон истифода баранд. Зеро ба таъбири Сардори давлат: “Ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумо ҷавонон аст”.
Раҳимова. М. А, сарвари МТМУ№1-и ноҳияи Кӯшониён