АНДЕША: Истиқлолият неъмати пурарзиш ва беназир аст. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлолият ин шараф, номус, ватандорӣ, ва ифтихор аз давлату миллати хеш аст”.Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланд ва мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта роҳу равиши хоса макону мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлат ва давлатдорӣ дарк намудан зарур аст.
Мо туро бо хуни ҷони хештан парваридаем,
Бо нами ашки ниҳони хештан парваридаем.
Мардуми тоҷик 9-сентябри соли 1991 ва Истиқлолияти давлати комёб гардид. Бо саъю талошҳои беназири Пешвои миллат ва гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон давра ба давра баргузор гардидаанд, дар натиҷа 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав созишномаи умумӣ истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Дар 30 соли Истиқлолият, мо ба бисёр комёбиҳо ноил гардидем. Аз он ҷумла: муассисаҳои нав ба нав, корхонаҳои саноатӣ, донишгоҳҳои давлатӣ, роҳҳои мошингард, неругоҳҳои «Роғун», «Сангтуда -1» «Сангтуда- 2» коргоҳҳои тиббӣ шаҳру деҳотҳо ба биноҳои замонавӣ бунёд гадидаанд.
Мо омӯзгорон ҷиҳати иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба ҷаҳду талош меварзем, то ки Ватани худро минбаъд аз ин ҳам ободтару зебо гардонем.
Мурғи истиқлол омад пайки иқболи баланд,
Чун ҳумое соя меафканд аз боли баланд.
Омӯзгорони МТМУ №3-и ноҳияи Кӯшониён