Истиқлолияти тоҷикон ҷовидон бод!

     АНДЕША: Истиқлолият яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати тоҷик дар масири таърих ба ҳисоб меравад, ки он ба осонӣ ба даст наомадааст. Миллати тоҷик аз қадимулайём дорои Истиқлолият ва Ваҳдату ягонагӣ буд. Мардуми тоҷик таърихан мардуми донишманд, боахлоқ, соҳибирода ва аз ҳама муҳимтараш мусолиҳатомез буд. Ҳеҷ вақт роҳи ҳалли мушкилиро дар низоъ ва қатлу куштор намедид, ҳамеша мушкилиро аз роҳи гуфту шунид ҳал мекард.  Баҳри баланд бардоштани сатҳи ахлоқии мардум талош меварзиданду ҷавононро ба сӯи илму ирфон ташфиқ мекарданд. Аммо дунё дар баробари доштани миллатҳои бузург, қавмҳои мутамаддин ва шахсиятҳои наҷиб боз дорад, афрод ва ашхосе, ки аз чунин арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ фарсахҳо дур мондаанд. Аввалин Истиқлолияти мардуми тоҷик, ки бо заҳмату талошҳои Исмоили Сомонӣ мукаммал шуда буд, қурбонии чунин истисморгарон гардид. Замоне, ки давлати Сомониён аз ҳам пошид миллати тоҷик дар замири худ эҳсосҳои истиқлолгароиро парвариш мекард, аммо аҷнабиён ва истилогарон намегузоштанд, ки мардуми тоҷик ба армони худ ноил гарданд ва ҳамеша ба мисли устухон дар гулӯ буданд. Барои расидан ба истиқлолияти худ мардуми тоҷик садсолаҳо муборизаи фикрӣ ва низомӣ бурда, беҳтарин ва азизтарин шахсонашро ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсумов ва амсоли инҳо қурбон намуд. Онҳо аз баҳри азизтарин чизи худ зиндагӣ гузаштанд, то мардуми тоҷик ва миллати баруманди мо зери парчам ва қонуни худ зиндагӣ кунанд ва сарнавишти худро худ таин намояд ва аз арзишҳои ахлоқиву адабии худ бенасиб намонад. Билохира бо талошҳои бевақфаи бузургони тоҷик аз ҷумла Садриддин Айнӣ мардуми тоҷик дар дохили Иттиҳоди Шуравӣ дорои Истиқлолият гардиданд ва эъломияи он аз тарафи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсумов пешкаши мардуми Советии Тоҷикистон гардид.

       Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар саҳфаи миллати тоҷик як варақи нав боз гардид 9-уми сентябри соли 1991 ба таври расмӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул гардид, ки ин армонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷикро бароварда кард. Миллати шарафманди тоҷик аз кор кардан ба дигарон ва зери султаи аҷнабиён зиндаги кардан хаста буданд, дар ҳамин вақт барои миллати мо Истиқлолият бисёр заруру муҳим буд. Мардум ҳамеша дар қалби худ мунтазири чунин як рӯзи таърихӣ буд ҳамеша дар орзуҳояшон як ҷои холӣ барои Истиқлолият буд. Миллати тоҷик аз ин пас барои худ коркардан ва барои мардуми худ хидмат карданро омӯхт, роҳбаронро худ таин намуд, сарнавишти худро худ навишт, бузургони тоҷик дарк карда буданд, ки барои муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ бояд мустақил буд. Дар партави ҳамин фикр шоири бузург Иқболи Лоҳурӣ ба маврид гуфтааст:

       Худо он миллатеро сарварӣ дод,

      Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

      Бар он миллат касе коре надорад,

      Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

    Мо мардуми тоҷик ҳамеша шукргузор аз Истиқлолият Ваҳдат ва сулҳу суботи ҷомеа ҳастем ва онҳоро барои худ азизу арҷманд медонем. Маҳз ана ҳамин арзишҳост, ки мо имрӯзҳо дар Тоҷикистони азизамон пешравиҳои назаррасро мушоҳида менамоем. Бидуни Истиқлолият ва бидуни Ваҳдати миллӣ ҳеҷ вақт ба чунин ҷойгоҳе расида наметавонистем. Маҳз Истиқлолият аст, ки рӯз то рӯз Тоҷикистон шукуфон шуда, зиндагии мардум беш аз ҳарвақта беҳтару хубтар гашта истодааст. Пас мебояд тамоми талоши худро ба харҷ диҳем, то ин неъмати бе монандро ба мисли гавҳараки чашм нигаҳ дорем. Чӣ тавре, ки Мавлоно Румӣ таъкид менамояд:

    Неъмате беҳтар зи Истиқлол нест,

   Ҳеҷ дигар ҷои қилу қол нест.

   Шукри Истиқлолият, ки имрӯз дар чеҳраи модари тоҷик хандаи бе дард ҳувайдо гаштаасту кӯдакону наврасон бо дили саршор аз орзуву ормонҳои худ ба сӯи ҳафт ахтар, ки нишонаи ободии сарзаминамон аст раҳсипор мегарданд ва талош менамоянд, ки бо донишу малакаи худ дар пешрафти давлату миллат саҳм бошанд. Акнун вазифаи ҷонии ҳар як фарди тоҷику Тоҷикистонист, ки ин неъмати бебаҳоро бо заҳмати шоиставу фаъолияти пурсамари хеш таҳким бахшад ва ҷовидон гардонад. Истиқлолият ҳаммаънои зиндагии поку шоистаи мост, қадршиносии ин марзу бум ва поси хотир доштани онҳоест, ки барои ба мақсад расидан хидмати сазовор кардаанд. Дӯст доштани Ватан ва хидмати содиқона ба мардум аз зумраи арзишҳои волои ахлоқиву инсонӣ буда, ҳар шахсро зарур аст, ки барои пос доштани арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ тамоми саъю талоши худро ба харҷ диҳад. Маҳз ба ҳамин восита метавон арзишҳои миллии худро ҳифз намуд. Агар дар як ҷумла фикрамро баён намоям, мо ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ-аз Тоҷикистон ва озодии тоҷикон бо тамоми вуҷуд шукргузорем!

Назаров.Н сарвари МТМУ№10-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.