Кӯшониён: Гузашти низомии захираҳои сафарбарӣ, мудофиаи ҳудудии Қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои қудратӣ, бахшида 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Имрӯз, 7 сентябри соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кӯчаи марказии Ҷамоатҳои шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳия, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон, ветеранҳои ҷангу меҳнат ва беш аз 3000 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту идораҳои ноҳия гузашти низомии захираҳои сафарбарӣ, мудофиаи ҳудудии Қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои қудратӣ бо сафарбарии нақлиётӣ ҳарбӣ, дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. Дар баромади табрикотии худ, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин қайд намуданд, ки имрӯз ҳамаи мо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан аз паради ҳарбӣ саф оростаем. Артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлатӣ ҷавонамон дар вазъиятӣ ниҳоят мушкили сиёсӣ, дар ҳоле таъсис ёфт, ки ҳеҷ пойгоҳи аввалия ва ё заминаҳои моддию техникӣ ҳарбӣ дар мамлакат вуҷуд надошт,вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тӯлони барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти кишварамон омодаи хизмат гардиданд. Дар фарҷоми сухан раиси ноҳия ҳамаи иштирокчиёни гузашти низомиро ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар кадоми онҳо тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори неку осоишта ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу суботи оромии ҷовидонӣ таманно намуданд. Ҳамзамон, дар чорабинии идона намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ баромад намуда, иштирокчиёни чорабиниро ва тамоми сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашнӣ бошукуҳи миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои дар сатҳи баландӣ ташкилӣ ва сиёсӣ омода намудани гузашти низомиро баҳои баланд доданд.

2_105.jpg 3_113.jpg 5_78.jpg 6_64.jpg 7_58.jpg 8_53.jpg 9_41.jpg 11_48.jpg 14_30.jpg 15_28.jpg 16_22.jpg 20_10.jpg 22_19.jpg 24_14.jpg 25_14.jpg 26_15.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.