Ҳамдиёрони азиз!
Сараввал бо камоли ифтихор ва шукргузорӣ аз сулҳу субботи кишвар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бо фарорасии ин ҷашни сарнавиштсозу муққадаси миллӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори неку осоишта ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро бароятон таманно дорам.Си сол муққадам миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари тоҷик ба дастоварди муққадасу нодири таърихӣ-Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин руйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Истиқлолият волотарин ва пуразиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири таърих ба шумор меравад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама хусусиятҳои давлатдории муосир арзӣ ҳастӣ намуд. Дар баробари ин қайд намудан, ҷоиз аст, ки Истиқлолият рамзи ягонагӣ, озодӣ, ифтихору номус ва соҳибдавлатию ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик буда, низомӣ давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Боиси қайд аст, ки роҳи таърихие, ки мо дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ тай намудем ҳамвор набуд. Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла шумо ҳозирини гиромӣ хуб огаҳед, ки то ба расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар мушкилотҳои сахту сангинеро паси сар кардем. Аз нахустин қадамҳои Истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳи кишвар бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазорсол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавонӣ Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа, беш аз садҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар хонаву дари худро тарк карда ба кишвари ҳамсоя фирор намуданд. Ҷанги таҳмили ба иқтисодиёти мамлакат беш аз даҳҳо миллиард зиёни иқтисодӣ расонида, даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқомати сузонида шуда ҳазорҳо иншоотҳои иҷтимоӣ ва халқу далатамон зарур харобу валангор гаштанд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, ҳазорҳо занон аз шавҳарашон ва зиёда аз панҷоҳ ҳазор кӯдакон ятим монданд. Дар баробари ин миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале бар хилофи азму талоши гуруҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундравӣ дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдорӣ хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо дар муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд. Бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд иљлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқи кишвар масъалаи ҳалли мусолиҳатомезӣ муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд.Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштиии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шудаанд, ғайриимкон менамуд, вале таърихи давлатдории навини тоҷикон ва таҷрибаи таърихӣ баъди ба даст овардани Истиқлолият исбот ва собит сохт, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор барои ба даст овардани сулҳи бебозгашти тоҷиконро дошта, имрӯзҳо самараи дилхоҳ ба бор оварда истодааст, мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоно буда пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯйро гирифта метавонад. Дар баробари ин обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ нигоҳ ва ҳифз менамояд. Бо расидан ба Истиқлолияти комил рушди соҳҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия рӯз аз рӯз устувор гардида истодааст. Имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон–Тоҷикистон, боло рафтани нуфузу мақоми давлатамон ва ба миён омадани робитаҳои густурда бо давлатҳои гуногун меваҳои шаҳдборӣ Истиқлол мебошад.
Албатта, рушди устувори давлату давлатдорӣ дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ аз имкон берун буда, барои амалӣ намудани он вақт ва шароити муносиби иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарур аст. Таъмини рушди босубботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз оғози даврони Истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин асос ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳои бахшидан ва саноатикунонии босуръарти кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шуданд. Мо ифтихор аз он дорем, ки мардуми шарафманди ноҳияи Кӯшониён дар қатори дигар сокинони манотиқи кишвар баҳри пойдор гаштани шохаҳои ҳокимият, эҳтироми арзишҳои миллӣ, эҳёи тамаддуни пурғановати гузаштагони худ, зери партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат заҳмату талошҳо намуда истодаанд. Имрӯзҳо сатҳи зиндагии мардуми мо рӯз аз рӯз боло рафта истода, Ваҳдату ягонагии комил дар кишвар ҳукмфармост, бинобар ин моро зарур аст, ки бори дигар ин сиёсатро ҳамчун сиёсати ягонаи худ қабул намоем. Ноҳияи Кӯшониён, ки яке аз ноҳияҳои калонтарини вилоят ба ҳисоб рафта, дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ҳиссаи арзандаи худро гузошта дар ин самт мақоми хоссаеро ба худ касб намудааст. Аз файзи Истиқлолият ва сулҳу субботи кишвар, дар ноҳия тӯли ин солҳо њаљми даромади буҷети маҳаллӣ пайваста зиёд гардида, қисми хароҷоти буҷет оид ба дастгирии соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа, махсусан соҳаи иҷтимоӣ, сол аз сол афзоиш ёфт, ки ин имконияти пешравии мунтазами соҳаҳои гуногунро дар ноҳия таъмин менамояд. Дар ин давра ҳаҷми умуми истеҳсоли маҳсулот нисбати соли 1991, 5,5 маротиба афзуда, хизматрасонии пулакӣ 15,3 маротиба ва муомилоти савдо 794 маротиба зиёд гардидааст. Кишоварзони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ муқоиса ба соли 1996, зиёда аз 8 ҳазору 300 тонна пахта, 28 ҳазор тонна ғалладона, 12 ҳазор тонна картошка, 127 ҳазору 800 тонна сабзавот, 10 ҳазор тонна полезӣ, 13,1 ҳазор тонна мевагӣ ва 7,8 ҳазор тонна ангур зиёд истеҳсол намуданд, ки ин дастоварди хуби соҳа буда, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои миллӣ, ки таъмини амнияти озуқавории ба ҳисоб меравад мусоидат менамояд.
Ҷиҳати беҳтар намудани шароити манзилии сокинони ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои судманд андешида шуда, танҳо солҳои 2010-2020 ба зиёда аз 4 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда шуд. Инчунин дар ин давра корҳои бунёдкорию созандагӣ вусъати тоза гирифта, дар ноҳия то ин ҷониб 9 адад мактабҳои нави замонавӣ, 2 адад боғчаи бачагона сохта ба истифода дода шуда, сохтмон ва барқарорсозии 21 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва асосӣ, 38 адад муассисаҳои тиббӣ, 2 адад кохи фарҳангӣ, 22 адад корхонаҳои саноатӣ, 10 адад биноҳои маъмурӣ, 1 адад майдони варзишӣ, 1 адад Варзишгоҳи марказии ноҳия, 3 адад толорҳои варзишӣ, 62 адад нуқтаи фуруши сузишворӣ ва гази табии, 7 адад тарабхонаҳои замонавӣ, 2 адад меҳмонхонаҳо, 8 адад коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ, 210 адад марказу мағозаҳои фуруши маҳсулотҳо ва дар маҷмӯъ 350 иншоотҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар ноҳия 60 адад муассисаҳои таълимӣ ва 9 муассисаҳои томактабӣ амал мекунад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда дорад.Тавре таҷрибаҳо нишон медиҳад давлате, ки ба рушди соҳаи илм, махсусан фанннҳои дақиқ, техника ва технологияҳои муосир диққати зарурӣ намедиҳад ба пешравӣ ноил намегардад бо назардошти ин дар ин давраи соли ҷорӣ иҷрои марҳилаи аввали Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия пурра ба анҷом расонида шуда, марҳилаи дуюми он идома дорад. Савияи донишандӯзии хонандагон бошад сол то сол баланд гардида, танҳо дар соли ҷорӣ хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ фаъолона иштирок намуда соҳиби 91 ҷойи ифтихорӣ гардидан, ки аз онҳо 17 медали тилло, 26 медали нуқра, 48 медали биринҷӣ, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бошад дар маҷмӯъ соҳиби 6 медали тилло, 5 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 медал зиёд мебошад.
Айни замон дар ноҳия 75.018 нафар ҷавонони аз синнӣ 14-30 сола зиндагӣ мекунанд. Баҳри ҳифзи саломатии онҳо ва рушди варзиш як варзишгоҳи марказӣ, 5 толорҳои варзишӣ мавҷуд мебошад, ки дар онҳо 27 нафар мураббӣ 667 нафар хонандагон ба варзиш машғул буда, варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда сазовори 34 медали тилло 17 медали нуқра ва 21 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли ҷорӣ 21 медали тилло, 10 нуқра ва 5 медали биринҷӣ зиёд мебошад. Боиси қайд аст, ки баъд аз қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тӯю маъракаҳо ва маросимҳои миллии мардум дар ноҳия ба танзим ва фаъолияти муассисаҳои диннӣ ба низоми муайян дароварда шуда инчунин масъулияти падару модарон нисбати таълиму тарбияи фарзандон бештар гардид.Мо дар дар якҷоягӣ бо меҳнати софдилона ва такя ба хиради азалии мардум, ҳимояи арзишҳои миллӣ, амали намудани се самти асосии стратегияву барномаҳои давлатӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба мақсади ниҳоии Пешвои муаззами миллат, ки таъмини ҳаёти арзандаи ҳар як хонадон мебошад, бирасем. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми ноҳия ба як қатор дастовардҳо ноил гардида бошанд ҳам ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мо барои он талош дорем, ки дар тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия бештар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем, баҳри тарбияи насли наврас аз қолабҳои идеологӣ ва маҳдудиятҳои мафкуравӣ, дорои ҷаҳонбинии нав ва дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ба камол расонидани онҳо кушиш ба харҷ дода, барои дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштани нуфузу мақоми давлат саҳми арзандаи худро гузорем.Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин ба равияҳои экстремистии динӣ гаравидани баъзе ҷавонону наврасон мебошад. Гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, ба қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир даст задани онҳо, қонуншиканӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, тақлид ба расму оин ва тарзи либоспӯшии барои мардуми мо бегона омилҳое мебошанд, ки насли наврасро аз асли милливу суннатӣ дур месозанд. Дар ноором сохтани давлатҳои соҳибистиқлол бештар таъсири гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ё кишварҳои алоҳида бараъло эҳсос карда мешавад. Онҳо аз ҷониби доираҳои муайян ва аз номи дини мубини ислом баромад намуда, ба бадномкунии мусалмонон мепардозанд. Маҳз атрофи ин масъала Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ чунин гуфта буд; Имруз дини мубини Исломро, ки аслан ва моҳиятан дини сулҳпарвар аст, ба василаи тарс додани башарият табдил дода истодаанд. Ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳама гуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулмро маҳкум мекунад. Бинобар ин кӯшиши бо ҳар роҳу восита бадном кардани Ислом ва мардуми мусалмон, инчунин ба ҳар гунна мухолифату низоъ маҷбуран хислати исломӣ додан аз рӯйи адлу инсоф нест. Фаромӯш набояд кард, ки Ислом як сарчашмаи мусаффои афкору ахлоқ аст ва аз пайвастани дин бо сиёсат ҷанбаи баланди сулҳпарварона ва инсондӯстонаи он коста мегардад».
Ҳамдиёрони азиз!
Дар воқеъ ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки таи ду сол боз бемории сироятии COVID-19 имрӯзҳо кулли ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, ки ба ҳамаи самтҳои фаъолияти инсоният таъсири манфии худро расонда истодааст.Бояд қайд намуд, ки табибони ноҳияи мо низ бар зидди ин вабои аср мубориза бурда чораҳои таъхирнопазир андешида истодаанд ва мардуми меҳнатқарини кишвари азизи мо аз ин руҳафтода нашуда кору зиндагии худро идома дода истодаанд. Дар ҳақиқат таҳаввулоту ҳодисаҳое, ки дар давлати ҳамсояву дӯсти мо Авғонистон вақтҳои охир ба амал омад моро ҳушдор менамояд, ки ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надода, бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қиммати бисёр гарон ба даст овардаамон ва амнияти халқу давлатамон омода бошем. Зеро ҳимояи амният ва оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарину муҳимтарин мебошад ва мо бояд барои ҳимояи Ватан доимо омода буда, сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Тоҷикистонро ҷонибдор бошему баҳри иҷрои он камари ҳиммат бандем. Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи Шумо собиқадорони меҳнат, соҳибкорони ватандӯст ва фаъолони ноҳияро бо муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта ба Шумоён ва тамоми мардуми ноҳия тани сиҳату умри дароз, бахту иқболи баланд ва дар корҳои ояндаатон мувафақиятҳои беназирро орзу намуда ва таманнои онро дорам, ки минбаъд низ дар ободониву созандагӣ, Ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории абадиву ҷовидонаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошед.
Сарбаланду саодатманд бошед.