ВАЗЪИЯТ ДАР АФҒОНИСТОН НИГАРОНКУНАНДА АСТ

    АНДЕША: Новобаста аз кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти ба эътидол овардани вазъ ва иҷрои талаботи Созишномаи сулҳ миёни Ҳаракати Толибон ва ИМА рӯз ба рӯз дар ин кишвари ҳамсоя вазъияти амниятӣ мураккаб гардида, неруҳои тундрави исломӣ, Ҳаракати Толибон ва ташкилотҳои дигари террористӣ куштори шаҳрвандони мулкиро афзоиш медиҳанд. Мувофиқи иттилои расмии Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, танҳо дар давоми ду ҳафтаи охир 90 нафар шаҳрвандони ин кишвар бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои исломии ифротӣ кушта шудаанд. Коршиносони сиёсию амниятӣ бар он назаранд, ки сабаби аслии нооромии вазъ дар Афғонистон фаъолияти гурӯҳҳои исломгарои ифротӣ буда омили асосии беш аз 40 сол идома ёфтани ҷангу хунрезӣ ва террор дар ин кишвар сиёсӣ намудани дини ислом ба ҳисоб меравад. Рӯзҳои охир Ҳаракати Толибон, ки қисми бештари Афғонистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Баъзе ҳангомаҷӯёну фурсатталабон махсусан наҳзатиҳои ифротӣ вазъиятро ба таври ғайривоқеӣ тафсир карда, мехоҳанд дар ҷомеа таҳлука барангезанд ва мардумро аз Толибон тарс диҳанд. Бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши кушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилали боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.

 

Ҳайдарзода. М, Иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.