АНДЕША:Баъди ба сари ҳокимият омадани ташкилоти терористии Ҳаракати Толибон онҳо гуфтанд, ки онҳо “Толибон”-и соли 1990 намебошанд ва ваъда доданд, ки зиндагии осоишта ва ҳуқуқи занҳоро дар гирифтани маълумот ва ишғоли вазифаҳои давлатӣ таъмин менамоянд. Вале чи хеле, ки вазъият нишон дод, ки баъди ишғол кардани пойтахти Афғонистон-шаҳри Кобул “Толибон” дар таъкиби ҷонибдорони ҳукумат чанд нафарро ба қатл расониданд ва занзои донишҷӯи донишгоҳҳоро барои идомаи таҳсил монеа вуҷуд оварда, даромадани онҳоро ба донишгоҳҳо манъ намуданд. Ҳамчунин коргарзанҳое, ки дар корхонаҳои давлатӣ кор мекарданд, омадани онҳоро ба кор иҷозат надоданд. Аз таъқиби “Толибон” дастаи занонаи футболи кишвар бо пуррагӣ аз Кобул ба давлатщои Аврупо фирор намуданд. Як гурӯҳ занҳое, ки барои баробарҳуқуқии зану мард, роҳпаймои ташкил намуда, ва хабарнигороне, ки аз ин роҳпаймои гузориш тайёр мекарданд дастгир намуда, онҳоро зери лату куб қарор дода роҳпаймонҳоро зери фишор пароканда карданд. Ана ин аст сиёсати пасипардагии бо роҳи ҳилаву найранг ба сари қудрат омадаи гурӯҳи “Толибон”, ки ҳамчун ҳизби террористу – экстремист, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Суди Олӣ маҳкумшуда мебошад. Мо кормандони соҳаи тандурустӣ, пурра амалҳои ваҳшиёнаи ташкилоти экстремисти-терористии “Ҳаракати Толибон”-ро маҳкум менамоем ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки дар кишвари азизи мо воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта рух диҳанд.
Директори Маркази мубориза бо бемориҳои тропикии ноҳияи Кӯшониён, Қурбонов Ш