Вазъи сиёсии имрӯзаи Афғонистон нигаронӣ мебошад

     АНДЕША: Вазъи сиёсии ҳар як кишвар ба худи сарвару миллаташ вобастагӣ дорад. Агар сарвараш оқилу бомаърифат бошад, миллаташ тинҷу ором умр ба сар мебаранд. Чи хел ки ба ҳамаи мардуми тоҷик маълум аст, ки Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад аст ва бо тоҷикон ҳамзабон мебошад. Вазъи сиёсии имрӯзаи Афғонистон ҳамаи тоҷикони Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Мардумони бегуноҳи Афғонистон бисёр ҳам ноороманд. Дар кишварҳои гуногун гуреза ҳастанд, аз Ватани азизу маҳбуби худ беватан шуданд. Беватани бисёр ҳам мушкилу дарднок аст. Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хештар гуфтаанд. Ин панди шоирон дуруст аст. Дар он кишваре, ки ҷанг аст, халқу миллаташ ноором ба тарсу ҳарос зиндагӣ мекунанд. Нооромии кишвари Афғонистон нооромии кишвари Тоҷикистон аст, ки ба мо Тоҷикистониён ҳамсарҳаду ҳамзабон ҳастанд. Дар он кишваре, ки гурезааш дар ҳар давлат зиндагӣ мекунанд он кишвар тинҷу ором аст. Шахсони сиёсатмадоре, ки дар Афғонистон умр ба сар мебаранд кӯшишро аз даст надода халқу миллаташро аз ҳар давлат ҷамъ карда ба Ватани худ Афғонистон баранд. Ватан сарпаноҳи ҳар як халқу миллаташ аст. Бе ватан будан ин маъное надорад. Агар сиёсатмадорани Афғонистон халқу миллаташро ба ватанашон бар нагардонад, дар он кишвар ором ба вуҷуд нахоҳад шуд. Одамони бегуноҳ, тифлакони беозор одамони солхурда мехоҳанд, ки вазъи сиёсии Афғонистон хуб гардад ва сулҳу амонӣ пойдор гардад. Сулҳу ваҳдат дӯстӣ ором ба ҳамаи миллат Сулҳ шоистатарин неъмати рӯи замин буда, барои ҳар як миллату халқ мисли обу ҳаво лозим аст. Хоби ором, хандаи кӯдакон ҳузуру ҳаловати одамон ва орзуҳои неки ҳар як фарди кишвар маҳз аз сулҳу амонӣ вобастагӣ дорад. Дар оилае, ки якдигарфаҳми набошад дар он оила зиндагии хуб нест. Шахсан худи ман омӯзгори ҳамин муассиса ва тамоми мардуми Тоҷикистон аз яздони пок ва бузург талаб менамоем, ки кишвари ҳамсояи мо Афғонистон тинҷу ором бошад ва мардумаш сарҷамъ шаванд ва бо якдигарфаҳмӣ ва якдилӣ ва кинаҳоро аз қалбашон дур намуда оромона умр ба сар баранд. Хоҳиши мо мардуми тоҷик чунин аст. Дар лабони падару модарон, кудакони ин кишвар ханда ҳувайдо гардад. Сулҳу амонӣ зиндагии ҳар як шахс ва кишварро мустаҳкамтар менамоем.

Сулҳ мебошад сароғози тамоми ҳарфҳо,

Ин сухан бо фахр мо болои дафтар мекунем.

 

Орзуву омоли ҳар як кишвар ҳамин аст, ки ҳамеша сулҳу амонӣ пойдор гардад. Нест бод ҷанги хонумонсӯз! Худованд дар кишвари Афғонистон зудтар сулҳу амонӣ пойдор шавад.

Кавракова С, омӯзгори забон ва адабиёти

тоҷики МТМУ №3-и ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.