ТОҶИКИСТОН ПУШТИБОНӢ АЗ СУЛҲ, ДАР АФҒОНИСТОНРО ДОРАД

        АНДЕША: Мулоқоти гуфтушунидҳои сарони ду давлат Тоҷикистону Эрон дар мавриди вазъи Афғонистон дар сатҳи олӣ баррасӣ гардиданд. Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон инчунин, дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот ҷонибҳо аз вазъи Афғонистон мавқеъгирӣ намуданд. Ҷониби Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишастҳои дипломатӣ дар робита ба авзои сиёсиву иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид доштанд, ки «Мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем». Бояд қайд намуд, ки мавзӯъ яке аз масъалаҳои меҳвари мулоқот изҳороти фавқулодаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон ҳангоми мулоқоташон бо Вазири корҳои хориҷии Покистон ҳангоми Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, тавре аз вокунишҳо ба он дар дохил ва хориҷи кишвар бармеояд, барои бисёриҳо аз ҷумла сиёсатмадорон ва коршиносон, ғайри мунтазира ба назар мерасад. Зеро онҳо одат ба он карда буданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ дар сиёсати хориҷии худ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сарфи назар аз он, ки ҳукуматҳои вақти ин кишвар ошкорро сиёсати такқавми пуштунгароиро пеш гирифта мақоми иҷтимоии тоҷикон забон ва фарҳанги онҳоро маҳдуд сохта шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва низомии онро аз саҳнаи фаъолият дур ва ё террор мекарданд, ба хотири ҳифзи муносибатҳо ҳодисаҳои нангинтарин дар рӯзҳои охир истеъфои Ҳукумати Афғонистон буд. Президенте, ки бо ном аз ҷониби халқи Афғонистон интихоб шуд, дар назди халқ масъулият ҳис накарда аз кишвар фирор кард. Қисмати начандон хурди дигар аз намояндагони Ҳукумат собиқ низ ин амали нангинро аз пои сарварашон такрор карданд. Мутаассифона, онҳо аз афғонистон на ёд аз халқу миллат ва ё гузаштагону ниёгон балки танҳо сандуқҳои пулу зар бо худ бурданд. Ин гуноҳест, ки мардуми оддии Афғонистон онро ҳеҷ гоҳ намебахшанд.

     Ба туфайли аз ахлоқ дур гаштани бо ном “Сарварони” Афғонистон, бо мардуми ин кишвар дар рӯзҳои охир ҳодисаҳое рух доданд, ки аз тасаввуру таҳойюл дуранд. Ҳама оламиён манзараеро, ки қаблан дар филмҳои фантастикӣ дида буданд, дар мисоли халқи азияткашидаи халқи Афғонистон диданд чи гуна мардуми аз тарси аду рамида ва дар талвосат ҷон ба тайёра мечаспанду аз ҳаво сарозер ба замин меафтанд. Ин гуна ҳодисаҳо нанг барои инсоният аст. Вобаста ба ин ёдрас мешавем, ки муносибати мардуми Афғонистон тули якчанд моҳу рӯзҳои охир, қабл аз ҳама ба қалби мардуми кишвари мо ба ҳар як фарди тоҷик таъсири амиқ гузоштааст, зеро чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё раванди Истамбул” таъкид доштанд. Тоҷикистон Афғонистонро муштаракоти зиёди тамуддунӣ ва робитаҳои зичӣ ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд. Мардуми шарифи ин кишвари бародар ба мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.

Сангова М, омӯзгори МТМУ №3-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.