Афғонистон зери таъсири ҷангҷӯён

       АНДЕША: Дар тули асри XX ва ибтидои асри XXI Афғонистон чанд марҳилаи навсозӣ ва амалӣ намудани ислоҳоти бунёдии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва фарҳангиро аз cap гузаронидааст, вале новобаста аз имкониятҳои васеи сиёсӣ ва фарҳангию маънавӣ бештари онҳо ноком анҷом ёфтанд. Aфғoниcтoн дар ин давраи сарнавиштсоз ба арсаи рақобатҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва қудратҳои бузурги ҷаҳон табдил ёфта, таҳти таъсири омилҳои дохилию берунӣ дар кишвар равандҳои мураккаб ва пурихтилоф ба амал омаданд, ки сабабгори ошубу қиёмҳои мусаллаҳона, табаддулотҳои давлатӣ ва инқилобҳо, ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ ва низоъҳои қавмӣ гардиданд. Воқеаҳои фоҷиабори чор даҳсолаи охир - ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ, вуруди қитъаҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ, ташкили низомҳои ноустувори низомӣ - сиёсӣ ва сукути онҳо, ба саҳнаи фаъолияти созмонҳои ифротӣ ва террористӣ табдил ёфтани Афғонистон, ба хоки кишвар ворид гардидани низомиёни эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ бо сарварии ИМА ва шиддат гирифтани вазъияти низомӣ-сиёсӣ боиси фалаҷ гардидани иқтисоди кишвар, аз байн рафтани ниҳодҳои иқтисоди миллӣ, талафоти бешумори моддӣ ва маънавӣ, қурбонии оташи ҷанг гардидани аҳолии осоишта, фирори миллионҳо шаҳрвандони Aфғoниcтoн ба кишварҳои ҳамсоя ва давлатҳои дигар гардидааст. Мушкилоти Aфғoниcтoни муосир натанҳо мушкилоти дохилии кишвар набуда, балки инчунин ҷанбаи васеи байналмилалӣ дорад, зеро аз барқарор гардидани сулҳу субот дар Афғонистон амният ва суботи минтақа ва ҷаҳон вобастагии калон дорад. Хотима ёфтани ҷанг ва ба ҳаёти осоишта гузаштани мардум метавонад заминаро натанҳо барои рушди иқтисодии кишвар, балки рушди муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо кишварҳои ҷаҳон, бароҳандозии лоиҳаҳои калони нақлиётӣ, энергетикӣ ва зерсохтории иқтисоди минтақавӣ фароҳам созад. Дар солҳои 60-уми аввали солҳои 70-ум пас аз қабули Қонуни асосии соли 1964 дар тамоми соҳаҳои низоми давлатӣ ва иҷтимоии Афғонистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, низоми шоҳии машрута (монархияи конститутсионӣ) бар асоси меъёр ва арзишҳои муосир барпо карда шуд. Пас аз соли 2001 дар марҳилаи сифатан нави ислоҳоти низоми давлатдорӣ, ба амал баровардани ислоҳотҳо дар ҳаёти сиёсӣ, ташкили низоми бисёрҳизбӣ ва ҳукумати эътилофӣ бо иштироки намояндагони тамоми миллату халқиятҳои сокини кишвар, хотима додани ҷанг ва гузаштан ба ҳаёти осоишта, барқарор намудани иқтисоди кишвар ва эҳёи ниҳодҳои замонавии фарҳанги Aфғoниcтoн ба дастовардҳои калон ноил гардид. Аммо дар баробари ин кишвар ҳануз бо хатарҳо ва таҳдидҳои моҳияти глобалӣ дошта -терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, фаъол гардидани ҷинояткории созмонёфта, қочоқи маводди мухаддир мувоҷеҳ гардид. Ҷунбиши Толибон дар солҳои охир эҳё гардида, барои барқарор намудани аморати исломӣ ва аз байн бурдани тамоми дастовардҳои 20 соли охир муборизаи мусаллаҳона ва амалҳои террористиро идома медиҳанд.Нигаронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи низомиву сиёсии Афғонистон. Котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистон ва тамоюлҳои шаддид гирифтани он изҳори нигаронӣ карданд.

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо роҳбарони ҳайатҳо иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СҲШ мулоқот кард, ки нишасти сарони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СҲШ аҳамияти калон дорад. Тибқи иттилои манбаъҳо, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар муборизаи дастаҷамъона бар зидди шиддати таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, сепаратизм, радикализми динӣ, хатарҳои афзоиши ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, баррасӣ шуд. Бояд қайд кард, ки дар мулоқоти мазкур мушовири сарвазири Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Довал Аджит, ёвари Президент - Котиби шӯрои амнияти Қазоқистон Асет Исекешев, Котиби шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Иманқулов мушовири сарвазири Эрон оид ба масъалаҳои амният Моид ширкат доштанд. Ҳамчунин котиби шӯрои амнияти Руссия Николай Патрушев, котиби шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, Муовини котиби шӯрои амнияти Узбекистон Бабур Усманов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумахон Ғиёсов низ аз ширкаткунандагони ин нишаст буданд. Бо ишғол шудани Кобул аз тарафи "Толибон", барои Тоҷикистон ва кишварҳои дигар тақдири он шаҳрвандонашон, ки дар канори ин гурӯҳ ва созмонҳои дигари террористӣ меҷанганд, хеле муҳим мегардад. Мақом ва нуфузи минбаъдаи онҳо чӣ гуна хоҳад буд? Чӣ чизеро аз ин гурӯҳҳо мунтазир шудан мумкин аст? Дар пасманзари даргириҳои байнулафғонӣ, рӯзи 10-уми август дар Тоҷикистон, дар 20-километрии марз бо Афғонистон, тамринҳои зиддитеррористӣ бо иштироки неруҳои Тоҷикистон ва Руссияву Узбекистон ба амал омад. Дар он на Толибон балки гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳамчун рақиби шартӣ ном бурда шуд. Ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷаҳон низ хатари содир кардани ҳамлаҳои террористиро доранд. Танҳо дар соли 2017 онҳо дар Амрико, Туркия, Шветсия ва Руссия чаҳор ҳамлаи бузурги террористӣ анҷом доданд. Аз ин рӯ, кишвари мо мисли тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиадор аст, ки нагузорад ин гурӯҳҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон реша бидавонанд. Ҳамзамон коршиносони тоҷик андеша доранд, ки таҳдидҳо ба он ҳадде бузург нестанд, ки дар расонаҳо тавсиф мешавад. Зеро амнияти давлат ва миллат зери назорати мақомотҳои дахлдор таҳти назорати хамаҷониба буда, маҳз аз тарафи Афғонистон ба таври шабонарӯзӣ нигоҳубин мегардад. Тибқи маълумоти СММ, дар давоми як моҳи охир дар ҷангҳои Афғонистон беш аз ҳазор ғайринизомӣ кушта шудаанд. Танҳо дар ҳафтаҳои охир ҳазорон бошандаи ин кишвар хонаҳои худро тарк кардаанд ва ба кишварҳои ҳамсояву кишварҳои гуногун сафар карда истодаанд. Пас аз ин рӯйдодҳои фоҷеабор ва нооромии Афғонистон мо ба хулосае омада метавонем, ки чӣ қадар ҷангу хунрезӣ ба миллат ва давлат зарари бузурге расонида метавонад. Аз ин рӯ мебояд, ки ҳар як фарди тоҷик бо ба даст овардани Истиқлолият шукри Пешвои сулҳпарвар ва кишвари ободу рӯ ба рушд кунем ва дар пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем.

Олимова Нозанин, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №41-ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.