АНДЕША: Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кишвари ба Тоҷикистон ҳамсоя мебошад ва дар он кишвар тоҷикон ҳам зиндагӣ мекунанд. Халқи афғонро риштаҳои таърихию фарҳангӣ ва динӣ бо халқи Тоҷикистон мепайвандад. Ин кишвар бо Тоҷикистон сарҳади тӯлонӣ дорад. Баъди он ки 15 августи соли 2021 Толибон дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд, дар ин сарзамин тартиботи асримиёнагиро ҷорӣ карданд. Ҳуқуқҳои занон поймол гардида, онҳоро намегузоранд, ки дар мактабҳо таҳсил намоянд ва дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок намоянд. Бисёр занони фаъол, шахсиятҳои пешқадам ва журналистоне, ки оид ба вазъи ҳақиқии Афғонистон хабарҳо чоп мекунанд зери таъқиботи сахт ва кушторҳо қарор гирифтаанд. Толибон аслан ташкилоти ифротгарон ва террористӣ буда, дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои дигар мамнуъ эълон карда шудааст. Бинобар ин аксарияти давлатҳои дунё онҳоро расман нашинохтаанд. Дар Афғонистон ташкилотҳои террористии “Ал- қоида ”, “ДИИШ” озодона амал мекунанд. Дар ин ҷо як гурӯҳ роҳгумкардагон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Маркази ҳамроҳи гурӯҳҳои ифротгарон амал карда истодаанд. Вазъияти ноустувори мураккаби Афғонистон ба амнияти сарҳади кишвари мо хатар эҷод кардааст. Мо тарафдори он ҳастем, ки ояндаи Афғонистонро худи Афғонистон муайян намояд. Толибон бояд аз рӯи ваъдаҳои худ ҳукумати фарогир ташкил мекарданд, ки он манфиатҳои ҳамаи халқҳои ин кишварро аз он ҷумла тоҷиконро ифода мекард, вале онҳо дар ваъдаи худ наистоданд. Бинобар ин ором гардидани вазъияти Афғонистон аз эҳтимол дур аст. Мо боварӣ дорем, ки халқи Афғонистон рӯзе ба тинҷию оромӣ мерасад. Оромию осоиштагии Афғонистон бевосита ба амнияти Тоҷикистон мусоидат мекунад ва пеши роҳи қочоқи маводи мухадир ва дигар ҷиноятҳои фаромилӣ гирифта мешавад. Бинобар ин мо тарафдори ҳарчӣ зудтар бо роҳи осоишта ҳал гардидани вазъияти мураккаби Афғонистон мебошем.
Назруллоева У, омӯзгори фанни забон ва адабиёти
тоҷики МТМУ №27-и ноҳияи Кӯшониён