АНДЕША: Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи 30 сол заҳматҳои ва кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ додаанд, то ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдат барқарор гашта, оромӣ пойдор бимонад. Айни ҳол маълум аст, ки Ҷумҳурии Афғонистон дар остонаи фалокатборӣ қарор дорад. Вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили халқи Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад. Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи дахолат накардан ба вазъи кунунии роҳбарият ва ҳаракати он хабар доданд. Ҳайати эълоншудаи ҳукумати муваққатӣ гуногуниии сиёсӣ ва баробарии гендериро ба назар намегирад. Ин маънои онро дорад, ки дар ду- се соли наздик, ҷорӣ кардани идеологияи ифротӣ дар Афғонистон шадидтар мешавад.
Мо кормандони МНДСЭ шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро маҳкум менамоем. Тоҷикистон барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунад ва ба ин мавқеъ содиқ мемонад. Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад, на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабор оварда расонад. Аз гуфтаҳои дар боло зикргардида ба хулосае омадан мумкин аст, ки вазъи сиёсии мамлакат дар ин кишвар мураккаб боқи мемонад зеро, ки Ҳаракати Толибон ташкилоти экстремисти-террористӣ буда, онҳо давлати террористӣ дар Афғонистон ташкил менамоянд. Аз хабарҳо ва расонаҳои интернетӣ муайян гашт, ки Толибон бо роҳи дасисабозӣ тафриқаандозӣ, куштор ва тарсу воҳима андохтан ба дили одамон ба сари ҳокимият омадаанд ва бо ин роҳ ба мақсади худ яъне барқарор намудани сохти давлатдории Аморатӣ расиданианд. Мақсади асосии Толибон ин ба воситаи терор нест намудани миллатҳои муқими таҳҷое, ки солҳои тӯлонӣ дар Афғонистон таваллуд шудаанду зандагонӣ намудаанд, мебошад. Толибон ҳуқуқи башарии занонро поймол намоянд, гуё дар сохтори давлати исломӣ барои идора намудан ба занон роҳ медиҳанд ва ҳуқуқи башарии занонро поймол намоянд. Аз рӯи гуфтаи онҳо занон бояд танҳо дар хона нишинанд ва фарзанд таввалуд намоянд ва ба кӯчаю бозор бо фаранҷӣ, ҳамроҳи мардҳо бароянд.Мо, кормандони МДНСЭ-и ноҳия барои барқарор намудани сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро ҷонибдорӣ менамоем.
Саидов К.Х, директори МДНСЭ – и ноҳияи Кӯшониён