ТАЪСИСИ ТОЛИБОН Ё ХУД АЗ БАЙН РАФТАНИ МИЛЛАТИ АЗИЯТДИДАИ АФҒОН

Субҳи ин вайронаем аз файзи навмедӣ мапурс,

Хоки мо бар бод рафту олами иқбол рехт.

То паре афшондаем, аз осмонҳо бартарем,

Бисмили рангем, натвон хуни мо помол рехт.

 

      АНДЕША.Оре, Ҳазрати Бедил ба маврид қайд намуданд, ки инсоният набояд дар сахттарин фурсат ноумедиро пеша кунад, рӯзе мерасад, ки бахту иқбол боз ба сӯйи мурод гузар мекунад. Мардуми мусалмон пеш аз забти чорво аввал исми Аллоҳ, яъне Бисмиллоҳро ба забон мегӯяду пасон корашро дар беҳтарин шакл анҷом медиҳад. Миллати афғон тайи солиёни дароз дар зери тиру тупи ба вижа «Исломхоҳон», ки худро «Толиби дин» мешуморанд қарор доранд, азият мекашанд. Барои афғонҳо ҳамин қатлу куштор кам набуд, ки болои ин аз сарзамини худ кӯч бастанд. Бисмили рангем, натвон хуни мо помол рехт. Ин таъкиди Мирзо Бедил аз дилу забони миллати афғон баланд садо медиҳад. Оилае нест, ки наздиконашро аз даст надода бошад, хуни ӯро поймол накарда бошанд. Исломи воқеӣ дар кадом ҷилд ё ҳадисе хондед ё шунидед, мардумро ба фақру бечорагӣ кашаду ватанро зери хуни ҳазорон ҳаммаслаку пеши худ табдил кунад. Толибон, ки имрӯзҳо сари қудрат расиданд, мавқеи зан-модарро дар сатҳи паст қарор дода, онҳоро аз сохторҳои давлатӣ дар канор кашида, манфиатҳои худро амалӣ месозанд. Як далел: Тариқи оинаи нилгун дидам ва шунидам, ки духтараки ноболиғи 13-соларо ба марди пири 70-сола никоҳ бастан, аз хиради волои исломӣ хабар медиҳад? Албатта не! Имрӯзҳо миллати ҳамфарҳангу ҳамдини мо афғонҳо дар овораю бечорагӣ дасту панҷа нарм мекунанд, бисёр таассуф ва нигаронкунанда аст. Ҳар толибе, ки имрӯз сари сиёсат даъвои исломӣ мекунанд, заррае аз аҳкоми шариати набавӣ бархурдор нестанд, барои молиёт меҷанганду ҳадафи хешро ҷорӣ менамоянд. Пешвои миллат дар минбарҳои бонуфуз тероризмро маҳкум шумурда иброз доштанд, ки «терорист дин, миллат мазҳаб ва ватан надорад» яъне дар сарзаминҳои мусулмонон тухми нифоқро кошта исломро сиёҳ карданд. Ба ин васила марказҳои мусулмоншинро безобита сохта байни онҳо тафриқаро ба вуҷуд меоранд. Боварии комил дорам, ки ин ҳукумати навтаъсиси Толибон дер давом намекунаду ба сари миллати афғон мурғи бахт болфишонӣ намуда, боз ба ҳолати аввалаи худ бармегардад. Мардуми сарбаланди кишвари сулҳпарвари озод, Тоҷикистон ин амали ваҳшиёнаи ифротгароёнро зишт шумурда, ҷавонони кишварро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намуда, намегузорем, ягон нохалафе нисбати дину оини гузаштагонамон сухани носазое ба забон бигиранд.

Абдулфайзов Аскаралӣ, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.