АНДЕША: Тоҷикистони азизу маҳбуб ба сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳи Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз зебову обод гашта истодааст пас моро лозим аст, ки шукр аз ватани амну обод кунем, ки кору фаъолияту ибодати озод ба ҳамаи мо муяссар аст. Албатта ин амну ободӣ ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ саъю кӯшиш ва заҳматҳои шабонарӯзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи меҳнатқарини тоҷик ба даст омадааст чуноне, ки мо медонем дар Афғонистон ҳамоно амалҳои террористӣ анҷом дода шуда истодааст. Теъдоди зиёди одамон кушта ва шаҳру деҳот хароб мегардад. Ин аз амалҳои харобиовар аз фитнаи фитнагарон аст, чунончӣ як гурӯҳи фитнагар, террорист, силоҳбадаст омада Кобулро забт карда гирифтанд. Бе муқовимати бошандагони Кобул, баъдан даст ба куштори мардуми бегуноҳ заданд ва хона ба хона дар кофтукови нафароне, ки дар давлати миллӣ пулис, амният, хабарнигор ва кормандони фарҳанд кор мекарданд онҳоро дар манзилҳои худашон бе пурсу пос паронда ва занҳоро аз ҳуқуқу ҳақҳояшон маҳрум карданд ва духтаронро аз 6-ум синф боло таҳсилашонро манъ карданд. Ин аст рафтору кирдори мусулмони Толибон, ки мо онҳоро маҳкум мекунем.
Қаландаров Маҳмадулло, хатиби масҷиди ҷомеъи Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён