Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №246 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муњлати муқарраргардидаи хизмати њарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шањрвандони солњои таваллуди 1994 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён давра ба давра, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, наврасону ҷавонон, фаъолони ҷамоатҳо ва ҷавонони бо ихтиёри худ ба комиссарияти ҳарбӣ ворид шуда, ҷамъомадҳои маънавӣ-фарҳангӣ доир гардида истодаанд. Бояд қайд намуд, ки сол то сол сафи ҷавонони ихтиёри ба сафи Кувваҳои мусаллаҳ бештар гардида, баъд аз адои хизмати ҳарбӣ онҳо бо ҷои корӣ доимӣ таъмин мегарданд. Имрӯзҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, барои беҳтар гардидани шароити мусоиди зиндагонӣ барои ҷавонон фароҳам оварда, дар ин замина сохтмони иншоотҳои варзишӣ ва ташкили курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ бештар гардида истодаанд.
«Кӯшониён»