МО ТАРАФДОРИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР АФҒОНИСТОН ҲАСТЕМ

       АНДЕША: Тӯли чандин солҳост, ки дар давлати Афғонистон нооромиву бесуботӣ ва ҷангу хунрезиҳо ҳаст. Воқеан ҳам боиси таассуф аст, ки дар давлати ҳамсояамон Афғонистон бисёри занону кӯдакони бегуноҳ кушта мешаванду бисёри бегуноҳон зулму ситам мебинанд. Мо тоҷикон, шукрона аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлати ороми худро мекунем, ки тинҷу осуда зиндагонӣ дорему озодона кору фаъолият менамоем. Хоинони миллати тоҷик ба ҳар даре, ки сар мехалонанд, ба ҳар коре даст мезананд саркӯфта мемонанд. Дурӯғ мегӯянд ва ҳар дафъа тирашон хок мехӯрад. Аммо мо ин гуна давлатҳои пур аз даҳшат ба мисли давлати Афғонистонро дида, пайравии Пешвои муаззамамонро менамоем ва фарзандони бо нангу номусро тарбия намуда, барои ҳифзи Ватан, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерӯю дониши худро дареғ намедорем.

Маҳмадизода Ҷ.М, директори маркази стоматологияи

ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.