Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон ниҳоят мурракаб гардидааст

      АНДЕША:Дар солҳои 70-уми асри гузашта дар вазъи сиёсии Афғонистон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. 17-уми июли соли 1973 собиқ сарвазири Афғонистон Муҳаммад Довуд- писар-амаки шоҳи Афғонистон - Муҳаммад Зоҳиршоҳ бо дастгирии як гурӯҳ афсарон табодуллот гузаронда низоми шоҳеро сарнагун кард. Дар аввал мардум хукуматро дастгирӣ намуданд. Аммо барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки Муҳаммад Довуд эълон карда буд, амалӣ нагардид. Ии боиси норозигии ҳама гардид. Илова бар ин Конститутсияи соли 1977 қабул шуда, ҳокимияти низомии Довудро қонуни гардонд. Дар ҳамин шароит аз хизби халқии демократии ду гурӯҳ «Халқ ва Парчам» мутаҳид гардида, барои сарнагун намудани Довуд муборизаро cap карданд. 26 апрели соли 1978 Довуд кушта шуд. Дар Афғонистон инқилоби Савр ғалаба кард. Афғонистон Ҷумҳурии демократӣ эълон карда шуд. Роҳбариро Тараки ва Кормал ба дасти худ гирифтанд. Моҳи сентябри соли 1979 бо фармони Амин, Тараки кушта шуд.

       Инқилобро хатар таҳдид мекард. Дар чунин шароит Иттиҳоди Шуравӣ ба Афғонистон дохил шуда, ният дошт инқилобро наҷот диҳад ва 10 сол барои ин мубориза бурд. Ниҳоят Артиши Шуравӣ аз Афғонистон бароварда шуд. Дар Афғонистон мубориза барои ҳокимият аз нав оғоз гардид.Дар ҳамин давра аниқтараш солҳои 70-уми асри гузашта аз ҳисоби донишҷӯёни Афғонистон, ки дар Покистон таҳсили илм доштанд гурӯҳи Толибон ташкил ёфт. Толибон дар муборизаи сиёсӣ барои ҳокимият дар Афғонистон ба майдони мубориза баромаданд. Ниҳоят ба Толибон муяссар гардид, ки дар ин мубориза ғолиб омада ҳокимиятро ба дасти худ гиранд. Баъди воқеаҳои 11 сентябри соли 2001, ки дар ИМА ба амал омаданд қушунҳои ИМА ба Афғонистон даромада, Толибонро аз ҳокимият дур карданд. Дар давоми 20 соле, ки ИМА дар Афғонистон ҳузур дошт Толибон бо онҳо мубориза бурда, мавқеи худро мустаҳкам намуданд. Ниҳоят моҳи августа соли 2021 дар Афғонистон ҳокимиятро Толибон ба даст гирифтанд. Имрӯз Толибон дар Афғонистон мехоҳанд Аморати Афғонистонро ташкил диҳанд ва қонунҳои шариатро ҷорӣ намуда истодаанд. Барои занон таҳсил ва кор манъ карда шудааст. Ҳуқуқҳои инсонӣ имрӯз дар Афғонистон маҳдуд карда шудааст. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон ниҳоят имрӯз вазнин аст.Давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои худро бо Афғонистон барқарор ҳоло накарданд. Имрӯзҳо, Толибон дар нишастгоҳои матбуоти бо рӯзноманигорон ваъдаҳо дода истодаанд, ки занон ва духтарон таҳсилу кор хоҳанд кард, вале дар доираи қонунҳои шариат. Давлатҳои Руссия, ИМА, Англия, Фаронса ва ғайраҳо дар интизори он мебошанд, ки дар Афғонистон Толибон демократияро ҷорӣ мекунанд ё не.

Шамсидинзода Аҳлиддин, корманди бахши САҲШ-и ВА ҶТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.