ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин бахшида ба “Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

     Ҳамдиёрони азиз!

   Баъди ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 июли соли 1989, ин сана ба ифтихори бузургдошти забони давлатӣ ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ба феҳристӣ ҷашнҳои миллии мо ворид карда шуд. Дар ин муддат алалхусус дар даврони истиқлолият ин ҷашн дар саросари кишвар бо ширкати фаъоли тамоми шаҳрвандон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешуд. Азбаски рӯзи 22 июл ба давраи таътили тобистонаи муассисаҳои таълимӣ ва рухсатии кормандони ташкилоту муассисаҳои кишвар рост меомад ва иштироки фаъолонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардид, ба ҳамин хотир баҳри рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ дар ҷомеа эҳтиёҷ ба қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш омад. Бинобар ин панҷуми октябри соли 2009 баъд аз қабули Қонуни мазкур ин сана ҳамчун рӯзи забони давлатӣ дар кишвари мо эълон шуда, ҳамчун “Рӯзи Забони тоҷикӣ” ба феҳристӣ ҷашнҳои кишвар ворид карда шуд. Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азизро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо хушбахтиву некрӯзӣ ва дар роҳи пурифтихори ватандӯстиву ватансозӣ иродаи қавиро таманно дорам. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазъи ҳуқуқӣ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони давлатиро дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд. Қонуни мазкур дар асоси меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ дар иртибот ба вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ таҳия гардида, дар он меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо аз ҷумла забонҳои аққалиятҳои миллии сокинони кишвар низ муқаррар гардидаанд.Забони ноби модариамон моро ба даврони бисёр дури таъриху фарҳанги мардумамон пайванд медиҳад. Гузаштагони мо ҳанӯз аз ҳазорсолаҳои пеш аз мелод то замони пайдоиши хат ва алифбо достонҳои бузурги шифоҳӣ офаридаанд, ки намунаи беҳтарини онҳо сурудҳои Авесто маҳсуб меёбад. Яке аз нуқтаҳои ҷолиб дар мавриди таваҷҷӯҳи гузаштагонамон ба арзишҳои забонӣ, ҳифзи матни Авесто то замони китобатии он дар суннати шифоҳӣ мебошад. Тавассути чунин суннат ин осори беназир аз насл ба насл гузашта то ба даврони мо омада расидааст. Аз он даврони дури таърих ин суннат ва равиш дар байни гузаштагонамон ҳамчун омили ҳифзи забон мавҷуд буд, ки ин аз эҳтирому эътиқод нисбат ба забони модарӣ шаҳодат медод.Ҳар яке аз давраҳои ташаккули забони тоҷикӣ дорои суннатҳои хаттӣ буда, меъёрҳои адабии забон дар асоси онҳо шакл гирифтаанд. Забони мо дар мақоми забони давлатӣ ва расмӣ пеш аз замони Сомониён низ собиқаи бисёр тӯлонӣ ва таърихӣ дорад.Гузаштаи он дар се давраи таърихии ташаккулаш бо давлатҳои мутамаддини Ҳахоманишиниён, Сосониён ва Сомониён марбут аст. Аз ҳама ин давраҳои таърих осори бисёр нодир ва арзишманде ба мерос омадааст, ки ворид шудани ин осор ба ганҷинаи таммадуни ҷаҳонӣ на танҳо ифтихори ворисони ин забон, балки тамоми ҷаҳониён низ мебошад. Баъд аз густариши дини мубини ислом дар минтақаҳои Хуросону Мовароуннаҳр забони тоҷикӣ бар пояи забони паҳлавӣ ва забонҳову лаҳҷаҳои дигари маҳаллии ин сарзамин шакл гирифта, дар аҳди Сомониён ба мақоми забони расмии давлатдории тоҷикон расидааст.Забони мо дар мақоми забони илм низ таҷрибаи тӯлонӣ дорад, ки инро осори илмии гузаштаи мо бо он ҳама шӯҳрату маъруфияти ҷаҳонӣ собит намудааст. Забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён ва чанд асри дигар дар баробари забони арабӣ, ки ҳамчун забони илм пазируфта шуда буд, тавоноии хешро дар риштаҳои гуногуни илми он замон, ба хусус дар мисоли шоҳкориҳои Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Термизӣ, Ҷурҷонӣ ва чеҳраҳои дигари илму адаб дар таърихи илмҳои тиб, дорушиносӣ, ҳандаса, ситорашиносӣ, кимиё, табиатшиносӣ, фалсафа ва ғайра ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.Донистани забони модарӣ ин эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯза ва ояндаи мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзишӣ фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳангӣ миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем, ки дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва Забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, мувафақ шавем.Боиси хушнудист, ки тӯли 3 сол аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мегардад, баҳри рӯй овардан ба гузаштагони худ ва мукаммал гардонидани забони тоҷикӣ миёни калонсолон намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ баргузор гардида истодааст. Бояд гуфт, ки бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 ба тавсиб расида, баҳри амалишавии мақсаду вазифаҳои Барномаи мазкур дар тамоми ташкилоту корхонаҳо, идораву муассисаҳо корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро яке аз вазифаҳои муқаддаси худ медонад. Метавон гуфт, ки дар даврони истиқлолият барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ марҳилаи нав оғоз гардид. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои рушди забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, ҳеҷ гуна мамонияте дар роҳи инкишофи забони давлатӣ вуҷуд надорад. Таҷрибаи таърихӣ собит сохт, ки ҳар як миллат ва давлат бо доштани забони миллии худ устувор ва пойдор мемонад. Дар таърих мардумоне, ки аз худ осор ва тамаддуни бузург ба мерос гузоштаанд кам нестанд. Аммо бештари ин мардумони соҳибтамаддун ва соҳибдавлат имрӯз бо номи қавму миллати хеш, дигар вуҷуд надоранд ва бо иллати аз даст додани рӯҳи миллии худ, яъне забони модарӣ аз саҳифаи таърих хориҷ шудаанд. Аз ин воқеияти таърих метавон чунин хулоса кард, ки маҳви забон дер ё зуд сабабгори маҳви миллатҳо ва мардумони соҳибзабон мегардад. Ҳарчанд Қонуни забон дар даврони шӯравӣ таҳия ва қабул гардида бошад ҳам, аммо дар замони истиқлолияти давлатии мамлакат мавриди истифода қарор гирифт. Аз замони ба даст овардани истиқлолият забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар корҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ мақому мартаба пайдо карда, дар соҳаҳои коргузориву эҷодӣ қонунҳо, илму маориф, фарҳанг ва робитаҳои дохиливу хориҷии кишвар ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳар як фарди бонангу номус ва солимфикру огоҳи ҷомеа дар хотир дошта бошад, ки маҳаки асоси афкори ҷомеаи моро сухани созандаю омӯзанда ташкил диҳад ва он ба манфиати халқу ватани соҳибистиқлолу тамаддунофари азизи мо хизмат намояд. Дар фарҷом ҳамаи шуморо ба ифтихори ин рӯзи фархунда бузургдошти забони давлатӣ табрик намуда, ба ҳар як фарди соҳибзабону ватандӯст сиҳатмандӣ ва пирӯзиро орзумандам. Бигузор забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, нишони давлату давлатдории миллӣ ва чун рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳодӣ воқеии ҳамаи сокинони кишварамон ҳамеша устувору поянда бошад. ​​​​​​​

Ҷашни Рӯзи забони давлатӣ

муборак ҳамдиёрони азиз!

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.