АНДЕША: Тоҷикистон, ки ватани маҳбуби ҳар яки мост, ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр ва дунявӣ ҳамеша талош менамояд, ки тибқи меъерҳои конститсионии давлат ва дигар рункҳои ба ҷаҳонӣ байналмилал мувоффиқ ва муносиби демократӣ ва бо пуштибони аз манфиатҳои милливу давлатӣ ва арзишҳои суннатии он ҳадафҳои дохили ва хориҷии худро амалӣ намояд. Пойдории давлат аз суботи том ва амнияти комили он таҳким ёфта, рушд ва ташаккули хоҷагиҳои мухталифи кишвар аз осоиш, амн ва сарҷамьии мардумонаш вобастагӣ дорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва амниятпарвар узви комилҳуқуқи созмонҳои гуногуни ҷаҳонӣ буда, дар муқовимат ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони имрӯза пешоҳанг мебошад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими амнияти милливу давлатӣ ва ҳифзи сарҳадот диққати аввалиндараҷа зоҳир менамоянд ва барои пешгирии омилҳои хатарзо тадбирҳои зарури андешида истодаанд. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа аз ҳар яки мо талаб менамояд, ки аз ҳарвақта дида бештар ба корҳои таблиғотиву ташвиқоти таваҷҷӯҳ намоем ва фарзандони ватандӯсту босаводро тарбия намуда, ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳӣ кишварамон роҳандози намоем. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Оли, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 30 сол ба пояҳои Истиқлолият ва кори Ваҳдати миллӣ тақвият бахшида, сиёсати сулҳҷуёна ва инсондустонаро дар кишвар тибқи талаботҳои ҳуқуқи роҳандозӣ намуданд.
Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён