АНДЕША: Пешравиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарбаи ҳалокатовар ба душманони зархариди нотавонбинони миллат мебошад, зеро ки онҳо намехоҳанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу Ваҳдат ва оромӣ пойдор бошад ва ҳамавақт тариқи сомонаҳои интернетӣ доир ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурӯғу буҳтонҳо пахш менамоянд. Агар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз таҷрибаи сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 – 20 сол пеш истифода мебурданд, дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сулҳу ваҳдат ва оромӣ кайҳо боз барқарор мегардид. Мақсади ҳар ҳукумате, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба сари қудрат меоянд фикри абадии ватанашон нест, дар бораи сулҳу ваҳдат, саломатӣ, гурусна будани халқи оддӣ ва сарпаноҳ надоштани онҳо аҳамияте намедиҳанд. Куштор ва таркишҳое, ки дар шаҳри Кобул ба вуқуъ омада ҷони садҳо одамон бегуноҳро бурда истодааст. Агар ҳукуматдорони Афғонистон баҳри наслҳои оянда хунрезиҳои бемаънии худро қатъ намуда, баҳри ободии кишвар ва халқи афғон камари ҳиммат баста, сулҳу ваҳдатро барқарор мекарданд хело хуб мешуд. Аз ҳамин сабабҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беҳтар аст. мақсади асосии Толибон ин ба воситаи террор нест намудани миллатҳои муқимӣ таҳҷое, ки солҳои тулонӣ дар Афғонистон таваллуд шуданду зиндагони намуданд, мебошад. Аз хабарҳои васоити омма маълум аст, ки дар вилояти Панҷшеру шаҳри Кобул ва дар дигар минтақаҳои ишғол намуданашон одамонро аз хонаҳояшон бо таҳдиду зурӣ пеш мекунанд ва мехоҳанд, ки дар хонаҳои холигашта миллати пашту ва ҷангиёни толибонро ҷойгир намоянд. Айни замон шоҳроҳи асосии Панҷшер таҳти назорати толибон буда, барои дастрасии маводӣ хурока, баромадани халқи оддӣ аз ҷойҳои муҳориба монеа эҷод менамоянд. Аз ҳамин сабаб мардуми оддӣ махсусан кудакону занони Паншер аз гуруснагӣ азият мекашанд. Мутмаинем, ки мушкили Афғонистон ҳали низоми надорад. ва барои ҳалли бетаъхири мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя, бояд бо ҷалби табақаҳои васеи ҷомеа ва иштироки намояндагони ҳамаи миллатҳо ҳукумати фарогир таъсис дода шавад. Низоми сиёсии ин кишвари ҳамсоя бо назардошти ирода ва мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар бидуни дахолати берунӣ муайян карда шавад. Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқиёс баробар ба ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад ва аз гуфтаҳои дар боло зикр гардида ба хулоса омадан мункин аст, ки вазъи сиёси мамлакат дар ин кишвар мураккаб боқӣ мемонад, зеро ки “Толибон”-и ба сари қудрат омаданд ва роҳбарияти ҳукумати худро ташкил намуданд, ки онҳоро набояд ягон мамолики дунё бо расмият шиносад, зеро ки онҳо терористан ва давлати терористи дар Афғонистон ташкил менамоянд. Мо кормандони бахши САҲШ-и ноҳияи Кӯшониён, барқарор намудани сулҳу суботи пойдор, баробари гендерӣ ва поймол нагардидани ҳуқуқи занонро дар Афғонистон ҷонибдорӣ менамоем. Тоҷикистон барқарорсозии сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдори мекунад ва ба ин мавқеъ содиқ мемонад.
Кавракова. З, мутахассис–коргузори бахши
САҲШ – и ВА ҶТ дар ноҳияи Кӯшониён