Тоҷикистон барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунад

      АНДЕША: Мо дар Тоҷикистон зиндагонӣ карда, қадру қимати сулҳ ва зарурату аҳамияти ҳимояи онро хеле хуб дарк мекунем. Вазъи имрӯзаи Афғонистон, ки қариб бо Тоҷикистон 1400 километр сарҳади муштарак дорад, мардуми кишвари моро бетавофут гузошта наметавонад. Шиддат гирифтани муборизаи қавмӣ ва гуруҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад. Ҳол он, ки тоҷикони Афғонистон беш аз 48 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд ва баробари дигар қавмҳои ин кишвар ҳуқуқ доранд, дар умри давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Тоҷикистон барқарорсозии сулҳу суботи поёдор дар Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунад ва ба ин мавқеъ содиқ мемонад. Мутмаинем, ки мушкили Афғонистон ҳалли низоми надорад. Ва барои ҳалли бетаъхири мушкилоти амнияти сиёси кишвари ҳамсоя, бояд бо ҷалби табақаҳои васеи ҷомеа ва иштироки намояндагони ҳамаи миллатҳо ҳукумати фарогир таъсис дода шавад.

      Низоми сиёсии ин кишвари ҳамсоя бо назардошти ирода ва мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар будани дахолати берунӣ муайян карда шавад. Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар балки ба руйдодҳои фоҷиабор оварда расонад ва аз гуфтаҳои дар боло зикр гардида ба хулоса омадан мумкин аст, ки вазъи сиёси мамлакат дар ин кишвар мураккаб боқӣ мемонад, зеро ки “Толибон”-и ба сари қудрат омода, роҳбарияти ҳукумати худро ташкил намуданд, ки онҳоро набояд ягон мамолики дунё бо расмият шиносад. Аз хабарҳо ва расонаҳои интернетӣ муайян гашт, ки Толибон бо роҳи дасисабозӣ, тафриқаандозӣ, куштор ва тарсу воҳима андохтан ба дили одамон ба сари ҳокимият омадаанд бо ин роҳ ба мақсади худ яъне барқарор намудани сохти давлатдории Аморати расиданианд. Мо ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро нисбати мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамоем.

Суюнова Фарида, мутахассиси бойгонидории

бахши САҲШ–и ВА ҶТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.