АНДЕША: Санаи 17 сентябри соли 2021, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ назди сарони мамолики даъватшуда, оид ба вазъи иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии исломии Афғонистон чунин ибрози ақида намуданд: “Вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи маркази таъсир мерасонад”. Имрӯз Афғонистон дар остонаи фалокатбори башарӣ қарор дорад. Вазъияти муракаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили халқи Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳони табдил меёбад. Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи Ҳукумати фарогир бо иштироки дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этнитикӣ дар ин кишвар, даст кашиданд ва аз таъсири як аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асри миёнагии шариат бо роҳбарии аъзоёни ҳаракати он хабар доданд. Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани сулҳу ороми тайи 30 сол заҳматҳо ва кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ додааст, то ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдат барқарор гашта, оромӣ пойдор бимонад. Пешравиҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаст, ба душманони миллат зарбаи ҳалокатовар буда, ин дастоварди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, вале ин пешравиҳо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида намешавад ва ҳар ҳукумате, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил гардида, ба сари қудрат меояд, мақсади онҳо танҳо барои манфиати худашон кору фаъолият намудан аст. Ҳукуматдорони афғон дар фикри ободии ватанашон нестанд. Ҳукуматдорони афғон дар бораи ваҳдат, сулҳ, саломатӣ, гурусна будани халқи оддӣ ва сарпаноҳ надоштани онҳо аҳамияте намедиҳанд ва ҳатто дар бораи кудакон бошад, ҷойи сухан гуфтан нест. Агар ҳукуматдорони Афғонистон баҳри наслҳои оянда хунрезиҳои бемаънии худро қатъ намуда, баҳри ободии кишвар ва халқи афғон камари ҳиммат баста, сулҳу ваҳдатро барқарор мекарданд, хеле хуб мешуд. Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад, на танҳо ба ҷанги тулонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба руйдодҳои фоҷиабор оварда расонад ва аз гуфтаҳои дар боло зикр гардида ба хулоса омадан мункин аст, ки вазъи сиёси мамлакат дар ин кишвар мураккаб боқи мемонад, зеро ки онҳо терористан ва давлати терористи дар Афғонистон ташкил менамоянд. Мо кормандони бахши САҲШ – и ноҳияи Кӯшониён шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро маҳкум менамоем. Тоҷикистон барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро ҷонибдори мекунад ва ба ин мавқеъ содиқ мемонад.
Шарипов Фаридун, кормандони бахши САҲШ – и ВА ҶТ дар
ноҳияи Кӯшониён