АНДЕША: Вазъи имрӯзаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимои Ҷумҳурии исломии Афғонистон ягон шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф нагузошта истодааст. Фарзандони содиқи Ватан хуб медонад, ки барои барқарор намудани сулҳу оромии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати 30 сол, заҳматҳо ва кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ додааст, то ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳ барқарор гашта ваҳдат поёдор бимонад. Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳол кушода дошта бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон шартномаҳои сулҳу тиҷоратӣ баста истодааст. Дар сӣ соли истиқлолӣ, пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсат бастани шартномаҳо бо мамолики ҷаҳон ва риояи қонунҳои байналмиллалӣ дар ҳама соҳаҳо дар сатҳи баланди сиёси ба роҳ монда шудааст. Мо кормандони бахши САҲШ – и ноҳия шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро маҳкум менамоем. Тоҷикистон барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро ҷонибдори мекунад ва ба ин мавқеъ содиқ мемонад. Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад, на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба руйдодҳои фоҷиабор оварда расонад ва аз гуфтаҳои дар боло зикр гардида ба хулоса омадан мумкин аст, ки вазъи сиёси мамлакат дар ин кишвар муракаб боқӣ мемонад, зеро ки онҳо терористан ва давлати терористи дар Афғонистон ташкил менамоянд. Аз хабарҳо ва расонаҳои интернетӣ муайян гашт, ки толибон бо роҳи дасисабозӣ, тафриқаандозӣ, куштор ва тарсу воҳима андохтан ба дили одамон ба сари ҳокимият омодаанд ва бо ин роҳ ба мақсади худ, яъне барқарор намудани сохти давлатдории Аморати расиданианд. Мақсади асосии Толибон ин ба воситаи террор нест намудани миллатҳои муқимӣ таҳҷое, ки солҳои тулонӣ дар Афғонистон таваллуд шудаанду зиндагони намудаанд, мебошад. Ҳайати эълоншудаи ҳукумати мувақатӣ вазъи гуногунии сиёсӣ, баробари гендериро ба назар намегирад. Толибон ҳуқуқи башари занонро поймол менамоянд, гуё дар сохтори давлатӣ исломи барои идора намудан ба занон роҳ намедиҳанд ва ҳуқуқи башарии занонро поймол менамояд. Аз руи гуфтаи онҳо занон бояд танҳо дар хона нишинад ва фарзанд таваллуд намоянд ва ба кӯчаю бозор бо фаранҷи, ҳамроҳи мардҳо бароянд. Мо кормандони бахши САҲШ – и ноҳияи Кӯшониён, барқарор намудани сулҳу суботи пойдор, баробарии гендерӣ ва поймол нагардидани ҳуқуқи занонро дар Афғонистон ҷонибдорӣ менамоем.
Қодирова Заррина, мутахассис – коргузори бахши
САҲШ – и ВА ҶТ дар ноҳияи Кӯшониён