Санаи 12 октябри соли равон, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷидин раиси ноҳия, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони чамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 9 моҳи соли 2021 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа як масъала, ҳисоботи муовини якум ва муовинони раиси ноҳия вобаста ба соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сараввал ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия С.Аҳлидинзода оид ба соҳаи кишоварзии ноҳия шунида шуд. Дар ҳисоботи ҷамъбастии худ, С.Аҳлидинзода қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия афзуда, ба 1 миллиарду 96 миллиону 440 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 124 миллиону 761 ҳазору 300 сомонӣ зиёд буда, 112,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи сипаригаштаи соли равон, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 25 ҳазору 876 тонна ғалладонагиҳо бо ҷуворимакаи дон, 18 ҳазору 104 тонна картошка, 125 ҳазору 745 тонна сабзавот, 9 ҳазору 635 тонна полезӣ, 11 ҳазору 127 тонна мевагиҳо ва 5 ҳазору 266 тонна ангур истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳамаи зироатҳо зиёд мебошад.
Сипас вобаста ба соҳаи иқтисод ва саноат А.Иброҳимзода, муовини раиси ноҳия ҳисобот дода, қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия ба 1 миллиарду 446 миллиону 767 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар 9 моҳи сипаригаштаи соли равон аз тарафи кормандони Нозироти андози ноҳия ба буҷети маҳаллӣ 36 миллиону 871 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 549 ҳазору 511 сомонӣ зиёд буда, 102 фоизро ташкил медиҳад. Корхонаҳои саноатии ноҳия дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 175 миллиону 46 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30 миллиону 649 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ 21,2 фоизро ташкил медиҳад. Вобаста ба соҳаи сохтмон, энергетика ва комуналлӣ Сафарзода Шариф, муовини раиси ноҳия ҳисобот дода, қайд намуданд, ки дар 9 моҳи сипаригаштаи соли равон маблағгузориҳо аз тамоми манбаҳо 321 миллиону 232 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 190 миллиону 619 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин миқдор маблағ 175 миллиону 280 ҳазор сомонии онро корҳои сохтмонию васлкунӣ ташкил медиҳад, ки нисбати 9 моҳи соли гузашта 124 миллиону 230 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 бахшида ба ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 337 адад иншоотҳои хурду калони иҷтимоию саноатӣ, фарҳангӣ фароғатӣ ва дигар корҳои азнавсозӣ ва бунёдкорӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки ба ҳолати 1 сентябри соли 2021-ум 351 адад иншоот сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 104 фоизи нақша дар бар мегирад. Сипас, вобаста ба соҳаи идеологӣ Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳия ҳисобот дода, қайд намуданд, ки аз тарафи гуруҳҳои корӣ ва кормандони соҳаи маънавиёти ноҳия дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 252 маротиба суӯҳбату вохӯриҳо, ҳамоишҳоикушоди оммавӣ, ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳо гузаронида шудааст.Хонандагони муасисаҳои таълимии ноҳия дар соли таҳсили 2020-2021 дар ҳаракати олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда, соҳиби 7 медал, ки аз он 2 адад тилло, 1 адад нуқра ва 4 адад биринҷӣ гардида, дар олимпиадаи вилоятӣ бошад сазовори 69 адад медал гардиданд аз ҷумла 20 адад тилло, 10 адад нуқра ва 39 адад биринҷӣ мебошад, қайд намуданд Д.Шукруллозода. Баъд аз шунидани ҳисоботҳои муовини якум ва муовинони раиси ноҳия пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ба миён омад. Раиси ноҳия, баҳри бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд. Дар рафти кори ҷаласа, ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, вобаста ба ҷамъбасти соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳия таҳлилҳои амиқ намуда, ба масъулин ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Бо назардошти тағйиру илова ба ќарори ҷамъбастӣ, кори маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия, дар 9 моҳи соли 2021 ба охир расид.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён