Санаи 12 октябри соли равон, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Шоҳзода Дилшод Муҳибулло, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони мақомоти қудратӣ, мудирони шуъбаю бахшҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони чамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ки вакил нестанд иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён даъвати шашум доир гардид. Иҷлосия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, баъд аз муайян гардидани котиботи иҷлосия, сипас дар кори иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1.Дар бораи тасдиқи ваколатҳои вакилони тоза интихоб шуда ба ҷои вакилони ваколатҳояшон қатъ гардида.
2. Оид ба қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 15 майи соли 2019, №526 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 10 апрели соли 2019, №94, оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 “Дар бораи тасдиқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”.
3. Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 22 октябри соли 2018, № 946 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2018, №133 “Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №160 “Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”.
4. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён “Оид ба одоби вакилон”.
5. Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Бохтариён” №25.
6. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия.
Баъд аз баррасии ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Шоҳзода Дилшод Муҳибулло, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба масъалаҳои барраси гардида, баён намуданд. Дар фарҷоми кори иҷлосия, раиси Маҷлисли вакилони халқи ноҳия бори дигар аз вакилон даъват ба амал оварданд, ки дар фаъолияти пурмасъули худ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намоянд. Бо ҳамин кори иҷлосия бо садо додани Суруди миллӣ ба анҷом расид.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён