АНДЕША:Аз расонаҳои оммавию иттилоотӣ хабардор шудем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Франсия рӯзҳои 12 – 14 – уми октябри соли равон доир гардид. Дар ин санаҳои таърихӣ рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони байналмилалии Юнеско барпо гардид. дастовардҳои илмию маъданӣ, маърифатию фарҳанги дар тӯли сӣ соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба маърази тамошобинон гузошта шуда буданд. Дар намоишгоҳ аз таъриху фарҳанги бостони кишвари куҳанбунёди мо тоҷикон нигораҳои ҷолиб пешниҳод карда шуд. Вохӯрии Президенти Франсия Эмануэл Макрон бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар як фазои сулҳу субот доир гардид. Онҳо оиди сулҳу дӯстӣ ҳарф зада аз воқеаҳои Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд. Ҷаноби олӣ, Президенти кишварамон аз толори қасри Юнеско оид ба комёбиҳои Тоҷикистон суханронӣ карда, маҳз таъкид ба амал оварданд, ки халқи тоҷик таърихан мардуми илмдӯст буда, маданияти китобдориро аз давраҳои дур то ба имрӯз идома дода меоянд. Боиси таассуф аст, ки як гурӯҳ ҳамватанони “ватандӯст”-и мо дар хориҷ аз он сӯйи қитъа ҷор зада, комёбиҳои дар зарфи сӣ сол ба дастовардаи мардуми моро бо роҳбарии Сарвари давлат нодида гирифта, сангпартоӣ мекунанд. Ин “ғамхорон”-и миллат шиори худро дар бадном кардани Ҳукумати кунунӣ мебинанд. Аммо онҳо ҳазорҳо бор ҳато кардаанд, ки мардуми одӣ ҳеҷ гоҳ аз паси онҳо рафтанӣ нестанд ва ба дуруғу буҳтонҳои гуфтаи онҳо эътимодӣ қавӣ надоранд. Халқ дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид шуда, баҳри ободии Ватани аҷдодиамон Тоҷикистон саъю кӯшиш менамоянд.
Раҳимова М.А, директори МТМУ-и №1-и ноҳияи Кӯшониён