ВОКУНИШ: Чанд нафар аз шаҳрвандони тоҷик асли муқими Олмон, ки қаблан хилофи қонунҳои ҷорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дохилии Тоҷикистон амал кардаанд, барои аз ҷавобгари халоси ёфтан, ба кишвари Олмон паноҳ бурданд. Ҳар яке аз иштирокчиён арз намуданд, ки дар воқеъ бо ҷурме айбдор ҳастанд ва дар ин кишвари бегона паноҳандаги доранд ва роҳи халосиро дар кишвари бегона дар ташкили чунин ҳамоишҳои сохтакорона ёфтаанд. Аз суханронии иштирокчиён маълум буд, ки онҳо маҷбуран даъвати ҳастанд ва аз тартиби давлатдории ватани маҳбубамон эътирозҳо доранд. Ҳамеша бар он ақида ҳастем, ки намоиши эътирозии шумо, ки шумори онҳо аз ҷумлаи ҷинояткорон ҷамъ омада, ҳеҷ яки шуморо аз кирдорҳои содиркарда озод карда наметавонад. Дар ру ба руйи беш аз 10 миллион нафар қарор гирифтани аз 6 то 10 нафар аъзои “Гуруҳӣ ҷинояткори 24”, ки худро паноҳандаи сиёсӣ ё муҳоҷири иҷбори ном мебарад, наметавонад мақоми Тоҷикистонро дар ҷаҳон кохиш бидиҳад! Зеро фарзандони арзанда ва вафодори Ватан ҳамеша дар ҳар давру замон дар ҳама вазъияту ҳолат омода ҳастанд, муқадассоти давлат ва арзишҳои милливу суннатиро ҳифз намоянд, барои пойдории Истиқлолият, тақвияти кори Ваҳдати миллӣ, таъмини суботи сиёсиву сулҳи сартосари, ҳимояи сарҳадот ва марзу буми давлат ва баҳри рушди бемайлони соҳаҳои ҳаётан муҳими халқ талош варзанд! Пешвои миллатамон Сарвари мост! Пушти сиёсати ин Қаҳрамони Тоҷикистон миллионҳо нафар рост истодаанд ва наметавони бо ин намоиши сохтакорона онро тағйир бидиҳӣ! Намоишҳои шабакавии ин афроди ватанфурӯш ба намоишҳои кӯчаги табдил ёфтааст. Ноогоҳ аз он, ки масхараи хешону бозичаи бегонагон гардида....
Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён