Вахт довари хакикатест, ки бо мурури замон халкро аз ботил ҷудо мекунад, хамаи асрор хоҳ нек бошад ё бад ошкор мешавад. Одамони бадкинат, ки бо сад хилаву найранг ба Ватан, миллат ва мазҳаби худ хиёнат мекунанд, мувофиқи адолати Иллоҳӣ дар назди мардум шарманда мешаванд.
Мо, сокинони ноҳияи Кӯшониён зери таассуроти тантанаҳои истиқболи 27 солагии Истиқлолияти давлатиамон, ки ҷашни милливу муқаддас ва санаи мубораки тақдирсоз дар ҳаёти кишвари мо маҳсуб меёбад, қарор дорем ва бо хушбахтии бепоёну шукргузории беохир дар фазои амну осоиши Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон умр ба сар мебарем.
Мо, ҷавонони ноҳияи Кӯшониён бо дарки масъулият ва рӯҳияи баланди хештаншиносӣ иштироки аъзоёни ташкилоти террористии ҲН қотеъона маҳкум мекунем.
Амали нангине, ки рузи 29 июли соли ҷорӣ дар нохияи Данғара нисбати 4 нафар сайёхони хориҷии ШМА, Нидерланд ва Шветсария ба вукуъ пайваст, басе нигаронкунанда ва ваҳшиёна буд. Гуруҳи ҷиноятпешаи ТТЭ ҲН ин амали террористиро тибқи дастуру нақшаҳои тарҳрезишудаи махсус содир намуда, бо бераҳмиву ваҳшоният сайёҳони хориҷиро ба ҳалокат расониданд.
Дар бораи Ҳизби Наҳзати собиқ, ки чи қадар хиёнат миллат, давлат, ватан ва дину мазҳаби Имоми Аъзам кард, ки чи қадар хуни ноҳақ рехта шуд, дар бораи хуни ноҳақ Худованди якаву ягона дар Қуръони Карим дар сураҳои зиёд азоб муаян кардааст. Аз он ҷумла дар сураи Нисо, ояти 93, “Ва мӯъминро барқасд ҷазои ӯ ҷаҳанам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!”
Клуби волонтёрони назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон тибқи Нақша – чорабиниҳои Раёсат тӯли 3 рӯз аст, ки дар ноҳияи Кӯшониён миёни аҳолӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва гирифтории онҳо ба бемории хатарноки СПИД корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида истодаанд.
Аз субҳи содиқ ҷавонону наврасон ва сокинони ноҳияи Кӯшониён ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назди бинои Ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ, то назди майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ дар даст ҳар гуна шиору ливоҳҳо роҳпаймои намуданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.