Activities calendar

05 июн 2024

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МЕҲНАТОБОД

       Санаи 4 июни соли 2024, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баргузор гардид. Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳӣ корӣ аз тамоми фаъолияти ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, корҳои ободонию созандагиро мавриди омӯзиш қарор дода, аз тарафи намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳ, вобаста ба таҳлилу санҷишҳои гузаронида шуда маълумоти муффассал пешниҳод карда шуд. Роҳбарияти ноҳия, ҳангоми баррасии масъалаҳо вобаста ба санҷишҳои гузаронида шуда, баҳри вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бартараф намудани камбудиву норасиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар вохӯрӣ ҳамзамон, масъалаҳо вобаста ба коркарди саривақтии агротехникии зироатҳои кишоварзӣ, самаранок истифодабарии заминҳои ёрирасон ва наздиҳавлигӣ, пардохти саривақтии андозҳои давлатӣ, таъмири босифати муассисаҳои таълимӣ, корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳатмии талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон" баррасӣ гардиданд.

4_101.jpg 1_31.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.