Санаи 6 июли соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи нақшаи кории Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таҳти Раёсати роҳбарияти ноҳия аъзоёни Шӯро, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони Комиссариати ҳарбӣ ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид.






