Activities calendar
06 September 2023
ВОКУНИШ: Терроризму экстремизм, хусусан дар якчанд даҳсолаи асри 20 ва ибтидои асри 21 хеле вусъат ёфтааст. Дар ин солҳо харакатҳои ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои тундрав хеле фаъол гаштаанд. Яке аз хусусиятҳои манфии ин созмонҳои ифротӣ дар он мебошад, ки онҳо шиорҳои диниро истифода бурда, аз номи дини мубини Ислом баромад мекунанд. Мафҳумҳои терроризму экстремизм дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд.
ВОКУНИШ: Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки мақсад ва мароми ташкилоти экстремистӣ терористии ҲНИ баёнгари мутаассибу ифротӣ буда, як навъ беморӣ мебошад, ки бемории онҳо нафрат, ҳасуд ном дорад ва табобатшаванда нест, агар табобашаванда мебуд, баъди хунрезиҳое, ки соли 1992 сари миллати тоҷик оварданд виҷдонашон азоб медоду аз чунин амалҳо даст мекашиданд. Вале мутаассифона алакай чунин рафтори ғайриинсонӣ дар хуну рагҳои онҳо ҷой гирифтааст.
Санаи 4 сентябри соли 2023, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохурии Шодиён Муҳаммад Султонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия доир гардид. Ташрифи меҳмони гиромиро раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин хайрамақдам гуфта иброз намуданд, ки тибқи нақшаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои вакилон бо фаъолон ва аҳли ҷамоматчигӣ баргузор мегарданд.
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.