Имрӯз, бахшида ба “Рӯзи кормандони мақомоти андоз”, дар толори маҷлисгоҳи Нозироти андози ноҳия, вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо кормандони ин ниҳод баргузор гардид. Вализода Икромидин Сироҷиддин, раиси ноҳия, дар суханӣ табрикотии худ қайд намуданд, ки кормандони мақомоти андоз, дар ғанигардонии буҷаи давлатӣ ва иҷрои саривақтии нақшаҳои андоз саҳми арзанда гузошта, баҳри пешрафти иқтисодиёти ноҳия кӯшишу ғайрати бендоза доранд.
Имрӯз, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кӯмакҳои моддӣ, дар арафаи иди Рамазон ва Иди ғалаба, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорони ватандӯсти ноҳия, ба як гурӯҳ собиқадорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа хизмати шоён намуда, зарари ҷисмонӣ бардошта имконияташон маҳдуд гаштааст, кӯмакҳои моддӣ расонида шу
Бале, ҳар даме, ки мо Ватан мегуем ва бар васфи он сухан меронем, пеши назарамон диёри сарсабзу хурраму ободу ҷилвагар мешавад ва ин диёри арҷмандро ном ТОҶИКИСТОН аст!
Дар вилояти Бодканд (Қирғизистон) музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Имрӯз, дар назди бинои шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ярмаркаи намоиши либосҳои мактабӣ доир гардид, ки дар он маҳсулоти истеҳсолии коргоҳҳои дӯзандагии “Кота Глобал”, “Дарз”, ҶДММ “РавзаиЮсуф” ва “Наҷиба” ба марази тамошо гузошта шуд буданд. Айни замон, шуъбаи маорифи ноҳия бо ин коргоҳҳо шартномаи тарафайн бастааст, ки то оғози соли хониши 2021-2022 ба миқдори 29325 адад либосҳои мактабӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия таъмин карда мешаванд.
Имрӯз, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, Алишер Урунов, муовини Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, Парвиз Нориён, директори муассисаи давлатии Телевизиони варзиш, Шарипов Исроил муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, наврасону ҷавонони варзишгар ва дигар масъулини соҳа, майдончаи нави замонавӣ ба истифода дода шуд.
Имрӯз, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, бо иштироки шоирону нависандагон, мудирони китобхонаҳо, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, бахшида ба 110-солагии устод Мирзо Турсунзода чорабинии фарҳангӣ-маънавӣ доир гардид. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аз ашъори шоир шеъру ғазал қироат намуданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.