Санаи 26 декабри соли 2018 дар толори калони «Кохи Сомон»- Бӯстонсаройи шаҳри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд.
Чорабини бо садои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Кормандони Ҷамоати деҳоти «Ориён»- и ноҳияи Кӯшониён аз шунидаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ба воситаи садо ва симои ҷумҳурӣ шунида, рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Рӯзи 31 декабри соли 2018 бахшида ба соли навӣ мелодӣ дар назди кохи фарҳанги ноҳия, ки арчаи соли навӣ қомат афрохта буд, чорабини фарҳангию фароғати бо иштироки ҷавонону наврасон ва сокинони ноҳия баргузор гардид.
Рӯзи 31 декабри соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии И.Қосимзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия оид ба баррасии мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат баргузор гардид.
Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми муҳими мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, маҷмӯи ҳуҷҷатҳои инъикоскунандаи ҳайёти моддию маънавии халқро дар бар мегирад ва дорои аҳамияти таърихӣ, доимӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, бадеӣ ва фарҳангӣ дорад. Ташкили нигоҳдорӣ ва истифодабарии Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мундариҷаи кори бойгонӣ-соҳаи мустақили фаъолияти давлатиро дарбар мегирад.
Санаи 26 декабри соли 2018 дар Ҷамоати шаҳраки «И.Сомонӣ» Паёми навбатии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама мардуми шарифи тоҷик ироа гардид. Дар Ҷамоати шаҳраки «И.Сомонӣ» низ ҳамаи кормандони ҷамоат ва раисони маҳаллаҳо иштирок доштанд.
Бахшида ба соли нави мелодӣ дар кӯдакистон №1-и ноҳияи Кӯшониён, чорабинии фарҳангию фароғатӣ бо иштироки васеи тарбиятгирандагон ва падару мордарон баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки тамоми чорабиниҳои идона барои насли наврас, дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ баргузор гашта истодааст, ки ин ҳама хидматҳои беандозаи Пешвои муазаммамон мебошад.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.