Рӯзи 31 декабри соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии И.Қосимзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия оид ба баррасии мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат баргузор гардид.
Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми муҳими мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, маҷмӯи ҳуҷҷатҳои инъикоскунандаи ҳайёти моддию маънавии халқро дар бар мегирад ва дорои аҳамияти таърихӣ, доимӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, бадеӣ ва фарҳангӣ дорад. Ташкили нигоҳдорӣ ва истифодабарии Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мундариҷаи кори бойгонӣ-соҳаи мустақили фаъолияти давлатиро дарбар мегирад.
Санаи 26 декабри соли 2018 дар Ҷамоати шаҳраки «И.Сомонӣ» Паёми навбатии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама мардуми шарифи тоҷик ироа гардид. Дар Ҷамоати шаҳраки «И.Сомонӣ» низ ҳамаи кормандони ҷамоат ва раисони маҳаллаҳо иштирок доштанд.
Бахшида ба соли нави мелодӣ дар кӯдакистон №1-и ноҳияи Кӯшониён, чорабинии фарҳангию фароғатӣ бо иштироки васеи тарбиятгирандагон ва падару мордарон баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки тамоми чорабиниҳои идона барои насли наврас, дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ баргузор гашта истодааст, ки ин ҳама хидматҳои беандозаи Пешвои муазаммамон мебошад.
Дар толори маӯомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, санаи 27 декабри соли равон ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия бо иштироки аъзоёни Шӯрои мазкур доир гардид.
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Паём мулоқоти рӯбарӯи Сарвари давлат бо шаҳрвандони кишвараш, ки тамоми мавзуъҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минъбада ҷиҳати пойдорӣ ва устувории амнияти Ватан рушан месозад.
Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои созандагиву ободонӣ баргузор шуда истодааст.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.