Бо ташабуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия имрӯзҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқаҳо байни наврасону ҷавонон баргузор шуда истодааст. Мусобиқаи футбол байни дастаҳои деҳаҳои ҷамоати деҳоти Заргар баргузор карда шуд. Мусобиқаи мазкур аз санаи 5 то 17-уми январи соли равон идома ёфта дар он 16 даста фаъолона иштирок намуданд. Дар охир ғолибон бо Ҷом, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирави аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдони гардиданд.
Санаи 15 январи соли 2019 Вохурии фаъолони ноҳияи Кӯшониён тибқи нақша чорабинии раиси ноҳия аз 31 декабри соли 2018 «Оид ба барраси намудани муҳтавои нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018» дар ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа баргузор гардид.
Санаи 14 январи соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки Ҷобирзода Тоҳир Гул вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идигул Қосимзода раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д.Шукруллозода муовини раиси ноҳия ва дигар шуъбаю бахшҳои ноҳия ба беш аз 50 ятими кулл туҳфагузорӣ карда шуд. Имрӯзҳо соҳибкорону саховатмандони ҷумҳурӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
Ба хотири бештар иттилоотонии мардум аз мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, дар Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, А.Мирзозода сардори шуъбаи ВКД дар ноҳия, Дилафрӯз Шукруллозода муовини раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту идораҳо, сокинону фаъолони ноҳия вохӯрии судманд доир гардид.
Дар таърихи рӯзи 26 декабри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Мувофиқи нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён вохӯриҳои гуруҳҳои таблиғотии доимамалкунандаи ҳизбӣ оид ба расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,ки рӯзи 26 декабри соли 2018 ироа гардид, ба аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия баргузор гардид.
Рӯзи 3 январи соли 2019 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.