Воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси ноҳия
- Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи раиси ноҳия -1 ҷой, маоши мансаби 936 сомонӣ.
Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон варзиши ноҳия санаи 25.01.2019, чорабинии фарҳангию хайриявӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кўшониён» баргузор кардашуд.
Рӯзи 23 январи соли равон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки И.Сомонии ноҳия, бо иштироки тамоми ташкилоту идораҳои ноҳия, аксияи тозагӣ гузаронида шуд. Тамоми гирду атрофи боғ аз хасу бутаҳои хушкшуда тоза карда шуда, зери дарахтони сояавкану мевадиҳанда нарм карда шуд. Инчунин қабристони дар назди боғи фарҳангӣ ҷойдошта, аз тарафи сокинони деҳаи Қизил-Байрақи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод тозаву озода карда шуд.
Рӯзи 19 январи соли равон бо мақсади шиносоӣ ва қабули шаҳрвандони ноҳия, пеш аз оғози маҷлис Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон бо Файзинисо Рустамова, Файзиддин Раҳматов ва Меҳри Кенҷаева собиқадорони меҳнатӣ ноҳия вохӯрда, аз вазъи зиндагонии онҳо шиносоӣ пайдо намуда, сӯҳбати самимӣ гузаронданд. Инчунин ба онҳо аз тарафи раиси вилоят, кӯмаки моддиву молиявӣ тақдим карда шуд.
Мураббии намуди гуштини Дзю-до Абдулло Наботов аз ноҳияи Кӯшониён беҳтарин мураббии соли 2018 дар вилояти Хатлон эълон гардид.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷояги бо Котиби комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, шуъбаи маориф ва намояндагони ШВКД дар ноҳия редҳои шабона баргузор карда шуд. Редҳои мазкур дар ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ ва ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баргузор карда шуд.
Дар асоси нақша чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии ноҳияи Кӯшониён дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳо вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор карда шуд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.