Сафари кории Пешвои миллат рузи 23 майи соли равон ба ноҳияи Дангара доир гардид. Аз ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, вазъи воқеии ҳаёти сокинони ин ноҳияи таърихӣ, рафти омодагиҳо ҷиҳати дар сатхи баланди ташкилӣ истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллиамон 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ватани маҳбуби ҳар яки мост, шиносоӣ сурат гирифт.
Ба хотир дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар, дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешвад.
Дар баробари гарм шудани ҳаво ва фаро расидани мавсими оббозӣ баромадани насли наврас дар назди каналу ҷуйборҳо пайдо мегардад. Чи тавре, ки иттиллоъ дорем вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои гармтарини Ҷумҳуриямон ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб талаботи наврасон ба оббозию шиноварӣ зиёд мебошад.
Рӯзи 22 майи соли равон ба хотири аз наздик шиносои пайдо намудан бо соҳаи тандурустии ноҳия ва таҷҳизотҳои кории муассисаҳои тандурустӣ, Раҷабзода. М сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, дидан намуданд.
Бахшида ба «Ҳафтаи кӯдакон» тибқи нақша-чорабиниҳои муассисаҳои томактабӣ санаи 23.05.2019 сол дар назди боғчаи №3-и ҷамоати шаҳраки «Бохтариён» байни таълимгирандагон озмуни «Расмкашӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 ва рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 27-уми феврали соли 2019, №68, ҳамзамон дар сатҳи зарурӣ омода намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумли хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва сокинони вилоят ба озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ...» дар соли 2019 рӯзи 24.05.2019 дар китобхонаи марказии ноҳия Кӯшониён чорабини баргузор гардид.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз давлатҳои рӯ ба инкишофниҳода буда, дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд менамояд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.