Яке аз маросимҳои дини мӯбини Ислом зиёрати хонаи Худо ба ҳисоб меравад. Ҳар сол бо мақсади адои ин рукни дини Ислом мусулмонони ҷаҳон аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон ба Макка сафар мекунанд.
Санаи 17 соли равон дар Ҷ.д.Ориёни ноҳияи Кӯшониён оид ба гузаронидани машқи пагоҳирӯзи таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!” дар назди МТМУ №42 тамоми кормандони ҷамоат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва наврасону ҷавонон ҷамъ омада, машқи пагоҳирӯзиро бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ гузарониданд.
Рӯзи 16 августи соли равон, дар маркази ноҳия даври ноҳиявии озмуни иди асал, каду ва харбуза баргузор гардид. Дар чорабинӣ Вализода Икромидин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён дигар масъулини соҳа иштирок намуданд. Аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсулотҳои кишоварзӣ бахусус асал, каду, тарбуз ва харбуза ба марази тамошо гузошта шуда буд. Беҳтарин иштирокчӣ ба даври вилоятӣ пешниҳод карда мешавад.
Рӯзи 16 августи соли равон дар назди бинои Беморхонаи марказии ноҳия, бахшида ба рӯзи кормандони тиб, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии ноҳия, ҷамъомади идона дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.
(Ба пешвози 28-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуб)
Шоир Амиршоҳи Хатлонӣ ҳанӯз моҳи декабри соли 1992 дар манзумаи «Ҷаласаи қисмат», ки он шабу рӯз яке аз давраи даргириҳои беохир, хусумат ва ҷанги бародаркуш дар кишвар ба ҳисоб мерафт, чунин навишта буд:
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади хайру сахо дар арафаи таҷлили иди Қурбон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар маъюб аз Ҷамоати шаҳраки Бохтариён деҳаи Дӯстӣ, Касирова Нилуфар кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Тибқи ҷадвали тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оиди вохурии раиси ноҳия бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳафтаи сипаригардидаи соли 2019 дар чойхонаи деҳаи Сароб бо иштироки роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ ва саҳмдорони он, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон, мудирони бунгоҳҳои тиббӣ ва фаъолони ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Ориён» вохурӣ бо раиси ноҳия, муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин гузаронида шуд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.