Оре ҳақ бар ҷониби муаллифи ин мисраҳост саодатмандии мардум ва ободию пешравии ҳар як мамлакат аз муносибати мутақобилаи кишварҳои ҳамсоя вобастагии калон дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамсоягӣ қарор доранд вале имрӯзҳо ба назар мерасад, ки аз ҷониби бародарони ба мо дӯсту ҳамсоя амалҳои нанговар рух дода истодааст, ки сабабӣ ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Тоҷикистон гашта истодааст.
Имрӯзҳо мо ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ - интихоботҳои Парлумонӣ ва Президентӣ наздик шуда истодаем, аз ҷониби иғвоангезони ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзат дар сомонаву саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна навору мақолаҳои иғвоангезона, фитнаангезона ва назарияҳои дуруғини ифротгароёнаро паҳн карда мақсади ягонаашон ин ноором сохтани фазои сиё
Бо ташаббуси бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ва бо дастгирии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, бо мақсади оммавӣгардонии варзиш дар деҳот, дӯстию рафоқат байни ҷавонон, санаи 2 феврали соли равон, дар майдони варзишии МТМУ №55-и ноҳия, қисми финалии мусобиқаи варзишии футбол, ки дар байни деҳаҳои Ҷамоат қаблан гузаронида шуд, ҷамъбаст гардид.
Дар доираи аксия, таҳти унвони “Ҳадафи мо зиндагии шоиста”, тамоми ташкилоту корхонаҳои ноҳия, субҳи барвақт, дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, дар шанбегии дастаҷамъона, фаъолона иштирок намуда, боз яг гӯшаи Ватани азизамонро сарсабзу хуррам намуданд. Дар маъраки ниҳолшинонӣ, зиёда аз 1000 адад дарахти ҳамешасабзи сузанбарг шинонида шуд.
Рӯзи 29 январи соли равон, дар идомаи сафарии кории худ раиси ноҳия боҳамраҳонаш, аз шаҳри Москва ба шаҳри Уфаи чумҳурии Башкортостани Федератсияи Россия сафар намуданд. Дар ин ҷумҳурӣ низ, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия ва гурӯҳи корӣ бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорони бурунмарзии тоҷик, диаспораҳо ва дигар шахсони расмӣ вохӯрданд.
Санаи 26 январи соли равон, тибқи дастури Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бо мақсади дидорбинӣ ва мулоқот бо ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарор дошта, шиносоӣ бо фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши онҳо, ҳамзамон муаррифии имкониятҳои ҳамкорӣ, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Раҷабов Раҷабали, муовинираиси вилояти Хатлон бо намояндагони дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Федератсияи Россия сафар карданд.
Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба расонидани кумакҳои аввалиндараҷа ва кам намудани талафоти ҷонӣ аз офатҳои табиӣ бо дастгирии Созмони байналмилалии ташкилоти Каритас Швейтсария фаъолияти лоиҳаи “Усулҳои кабудизоркунии паст кардани хатари офатҳои табиӣ тавассути робитаҳои устуворӣ ниҳолпарварӣ” дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён оғоз гардида, дар асоси қарори Раиси ноҳияи Кӯшониён аз 17 декабри соли 2019, №1114 аз ҳисоб
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.