Имрӯз дар доираи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни "Рӯзи модар", дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, раиси ноҳия бо 55 нафар духтароне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, вохурда онҳоро бо туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ намуданд.
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидаанд, инчунин дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, санаи 6 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи Энергетикии Тоҷикистон, вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Бохтариён баргузор гардид.
Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат дарҷ гардидаанд, аз тарафи роҳбарияти ноҳия бо сокинони Ҷамоати деҳоти С.Истиқлол вохӯри баргузор гардид.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани
хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати
муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо
намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
Қобили қайд аст, ки омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, тамоми табақаҳои аҳолӣ аз ҳайати роҳбарикунанда то дигар табақаҳои поёнии ҷамъият дар соҳаи мудофиаи гражданӣ омӯзонида мешаванд.
Ҷиҳати татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарби ва хизмати харбӣ" ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкили корҳои омодаги ба хизмати ҳарбӣ дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо дастури бевоситаи раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин гуруҳҳои кории омузиши дар ҳамкори бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дар дигар чамоатҳо ташкил карда шуд.
“Хизматчиёни давлатӣ ва тамоми шаҳрвандони мамлакатро даъват менамоям, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки мо ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем”.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.