Санаи 3 марти соли равон дар бинои ҷамоати деҳоти С.Истиқлол ва МТМУ №39, 40 оид ба ҷоннок намудани корҳои ташфиқотию тарғиботӣ барои амали гардонидани ҳадафҳои барномаи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» бо иштироки, Намаояндаи Маркази наркологии назди Ҳукумати вилояти Хатлон Мусамиров Ҳайдар, Мутахассиси пешбари шу
Якуми марти соли равон, Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои идона дошт, зеро дар аввалин рӯзи фасли баҳори нозанин, шаҳрвандон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро бо ҳисси ватандӯстӣ ва рӯҳияи баҳори сипари намуданд. Бояд зикр намуд, ки интихобот рукни муҳими ҷомеаи демократӣ мебошад ва дар давлати демократӣ гузаронидани онро муҳаққиқон шарти асосӣ ба ҳисоб додаанд.
Субҳи 1 марти соли равон, дар тамоми участкаҳои интихоботии ноҳия, бо садо додани суруди миллӣ, маъракаи интихоботӣ оғоз гардид. Сокинони бофарҳанги ноҳия, бо эҳсоси баландӣ ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ба нуқтаҳои овоздиҳӣ дастаҷамъона ҳозир шуда, баҳри ояндаи дурахшони Ватани азизамон овози худро медоданд. Шаҳрвандоне, ки нахустиншуда ва ҷавононе, ки бори аввал овоз медиҳанд, бо гулдаста ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.
Илоҷи ҳар воқеа пеш аз вуқуъ. Ин ҳикмати мардумӣ бояд ҳамеша зери назар бошад. Бахусус дар мавриди ҳодисаҳои фавқулодаву офатҳои табиӣ , ки пешгӯишавандаанд. Вале метавон бо роҳандозии тадбирҳо ва омӯзишҳо хатари ин офатҳоро коҳиш дод, мардумро огоҳ кард, ки дар сурати пеш омадани ин ё он офат чӣ бояд кунанд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 – и ноҳияи Кӯшониён, мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ байни аъзоёни фаъоли бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз муассисисаҳои таҳсилоти миёнаи уммии №9,13 ва 14 дар ноҳия бахшида ба 27 – солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Санаи 19 феврали соли равон, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, аъзоёни Шӯро ва ҷавонони сарбаланди ноҳия баргузор гардид.
«Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар - Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.