Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу нопоки сиёсӣ содир карда мешавад.
Ташкилоти террористӣ-эктремистии ҲН тариқи сомонаҳои интернетӣ аз кишварҳои аврупоӣ бо дурӯғу буҳтонҳои ғаразнок пайваста баромад намуда, ба оромиву осудагии ҷомеаи кишварамон халал ворид месозанд. Наҳзатиҳо аз солҳои нахустини истиқлолият борҳо бо муборизаҳои пинҳонию ошкоро кӯшишу талош меварзанд, ки дар кишварамон табаддулот ворид намуда, соҳиби давлату сохтори сиёсии динӣ гарданд.
Солҳои охир кишвари маҳбубамон Тоҷикистон рушду нумуъ ёфта, ободу зебо гардида истодааст. Зиндагонии мардум низ рeз аз рeз беҳтар шуда, хушу хуррам гардидааст.
Шукуҳу шаҳомат ва бузургии ҳар халқияти руйи замин бо нангу ораш манша гирифта рушд мекунад, пеш меравад обод мекунад ва ҳазор- ҳазорҳоро тарбия намуда, дар сояи амну-амонӣ маскан намуда, номи миллату давлат, расму оин ва урфу одати аҷдодонашонро аз насл ба насл ба мерос мегузорад .
Неруҳои мухолифин барои ноил шудан ба мақсадҳои ғаразноки худ пайваста бо ҳар гуна даъвату хоҳиш ва орзуҳояшон тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ баромад менамоянд. Онҳо бо паҳн намудани туҳмату мақсадҳои нопок мехоҳанд, ки фазои орому осудаи кишварамон Тоҷикистонро халалдор намуда, ноором созанд.
Ба хотири боз ҳам симои ноҳияро зебову ороста гардониданд, бо ташаббуси намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба омодагиҳои ҷашни 30-солагӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон Қосимзода Идигул ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кучаю хиёбонҳо дар маркази ноҳия дар ду тарафи роҳ зиёда аз 8-ҳазор гулҳои садбарг шинонида шуд, ки ин ба симои ноҳия рангу та
Рӯзи 4 декабри соли равон дар толори Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки тамоми сарварони муассисаҳои таълимии ноҳия ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо маорифчиёни ноҳия баргузор гардид.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.