Имрӯз, 26 январи соли равон, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мардуми ҷумҳурии азизамон ироа гардид. Дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишварамон, тамоми ташкилоту идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо бо колективҳои меҳнатии худ ва сокинони ноҳияи Кӯшониён, Паёми Пешвои ми
Мо, тамоми мардуми Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”, ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст мебошад, бори дигар огаҳ шудем.
Муҳаммадиқболи Садриддин сармуҳаррири сомонаи “Ислоҳ нет”, яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии ҲН буда, таҳлили фаъолияти сесоли охирини апазитсиониро дар дохил ва берун нишон дода, ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бадпарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли ӯ бардаву ғулом бошанд.
Воқеият аст, ки дар замири инсони некхоҳ ҳамеша хислатҳои ватандӯстӣ, нангу ор, номус ва шараф тантана менамояд ва онро мисли обу ҳаво дар ҳаёти воқеии ҳарӯзаи худ зарур ва аввалиндараҷа мешуморад. Ин шахсиятҳо комилан инсонҳои аз лиҳози равонӣ ва ҷисмонӣ аз дигарон афзалият дошта бо тафаккури созандаи солим ташаккул ёфта, ҳамеша баҳри иҷрои амалҳои хайрхоҳонаву инсондӯстона талош варзида зиндагӣ менамоянд.
Афзоиш ёфтани хатару таҳдиди терроризм ба сулҳу амнияти ҷаҳон мо аҳли кормандони рӯзномаи «Кӯшониён»-ро водор намуд, ки оид мафҳуми терроризм ва роҳҳои самарабахши мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб изҳори ақида намоем. Терроризм амали зиддиҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидае мебошад, ки қонуният ва ҳуқуқи давлатро зери шубҳа қарор дода, ба ин васила даст задан, ба даҳшатафканию расидан ба мақсадҳои хешро асоснок кардани мешаванд.
Шарафмандӣ он зинаи обрӯ ва мақому манзалат аст, ки ба ҳар кас насиб намекунад. Одами бошараф шуҳрат ёфта, ба эътирофи умум сазовор мегардад.
Рӯзи 20 январ вақте, ки навореро аз шабакаи телевизионӣ оид ба фаъолияти Муҳаммадиқболи Садриддин, хоини миллат тамошо кардам ба худ гуфтам, наход ин нохалафро модари тоҷик, фариштаи рӯи замин ба дунё оварда бошад? Наход дар овони кӯдакиаш ба ӯ модар шири сафед дода, роҳи сиёҳро ҳидояташ карда бошад?
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.