Даврони босаодати соҳибистиқлоли бо амри тақдир насиби миллати тоҷикон гардидааст. Тоҷикистон ватани маҳбуби мост, ки дар он халқҳои гуногунмиллат оромона дар фазои ваҳдатбори он умр ба сар мебаранд. Шукри неъматҳои бузурги рӯзгор, бо лутфу марҳамати худованд миллати тоҷикро аз парокандагию нести эмин нигоҳ дошт, ба роҳи равшану пирузиҳо ҳидоят намуданд ва ин сарнавиштро ба дасти Пешвои миллатамон супориданд!
Ҳама гуна фитнаву иғвоангезӣ, дасисаву амалҳои пасипардагии ифротгароён мардуми кишварамонро ҳушдор медиҳад, ки аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем. Наҳзатиёни террорист тасмим гирифтаанд, ки худро бо амалу кирдорҳои зишташон ҳамеша дар ҷомеа нишон диҳанд.
Мо ҷавонони ноҳияи Кӯшониён аз тамошои Филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ" https://www.youtube.com/watch? v=zWAgTTUdr-o, ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани вақеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст мебошад, бори дигар огаҳ шудем.
Дар тамошои филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ" тамоми амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳаммадиқболи Садриддин дида мешавад. Дар филм дида мешавад, ки чигуна Қаландари Садриддин падари Муҳаммадиқболи Садриддин писарашро, яъне Муҳаммадиқболро зери амалу кирдорҳои ғайриинсонӣ мепардозад.
Тибқи нақша-чорабиниҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2021 ва нақшаи пуррагардонии Маркази таълимию методии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, бо мақсади омода намудан ва омӯзонидани аҳолӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи онҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дар фасли сармо бо нархи дастрас таъмин намудани аҳолӣ бо сузишворӣ, алалхусус ангишт, бо ташабусси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии роҳбарияти ширкати “Мину-Фарм”, фурӯши ангишт бо нархи 70 дирам ба сокинони ноҳия ба роҳ монда шуд.
Шиносои, аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст, дар деҳаи Обшорон
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.