Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, дар давраи моҳи шарифи Рамазон ва дар арафаи иди саиди Фитр аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, ташкилоту идораҳо, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони хайрхоҳ ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ кӯмаки моддию молӣ расонида шуд.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҒАМХОРИ МИЛЛАТ
Имрӯз таҳти Раёсати раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, ситоди ноҳиявӣ оид ба вусъати ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 баргузор гардид. Раиси ноҳия ба масъулини соҳаи тандурустӣ оид ба вазъи имрӯзаи соҳа ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Имрӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба табибони ноҳия, 8 адад либоси махсуси тиббӣ ва 300 адад ниқоби тиббӣ кумак дастрас гардид. Маводҳои тиббӣ, аз тарафи Сангалиева Қумриниссо муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба табибони ноҳия супорида шуд.
Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, ҳамаррӯза ситоди кори баргузор гашта истода, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, безараргардонии кӯчаю маҳаллаҳо, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии Коронавирус, рӯз то рӯз пурзур гашта истодааст.
БО МАҚСАДИ ПУРЗУР КАРДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДА АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС, СИТОДИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН, ВАЛИЗОДА ИКРОМИДДИН СИРОҶИДДИН, БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ФИРӮЗА ШАРИФӢ, ДАР БИНОИ БЕРМОРХОНАИ МАРКАЗӢ БО КОРМАНДОНИ ТИББӢ НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД.
Д.ШУКРУЛЛОЗОДА, МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, оид ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба хусус пандемияи COVID-19, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ситодҳои сайёрӣ гуруҳҳои корӣ бо иштироки кормандони тиб, ҳамшираҳои тиббии минтақаҳо, раисони маҳаллаҳо, ҷиҳати боз ҳам пурзур кардани чорабиниҳои зидди вирусӣ ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои шабонарӯзӣ ба беморони дар хона ба табобат фарогирифташуда ташкил ва гузар
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.